Атлант СМА70У1214-С-01 Руководство по эксплуатации онлайн [31/40] 803301

Атлант СМА70У1214-С-01 Руководство по эксплуатации онлайн [31/40] 803301
31
TGK
тихобшуда мутобиқат нанамояд, садои огоҳкунанда садо
медиҳад, индикатор равшан намешавад ва вазифа фаъол
намешавад.
Интихоби вазифаҳои иловагӣ танҳо қабл аз саршавии
ҷомашӯӣ иҷозат дода мешавад. Ҳангоми интихоби вазифаҳои
иловагӣ дар вақти кори мошина садои огоҳкунандаи секарата
садо медиҳад – вазифаи иловагӣ фаъол намешавад.
1.9.2 Таъин намудани вақти старти мавқуфгузошта бо
тугмачаи
анҷом дода мешавад индикатори функсия фурӯзон
шуда, дар индикатори вақт вақти ҳадди ниҳоии таъхири оғози
шустушӯ 24 («Н:24») соат намоён мегардад. Ба тугмачаи
расида, бояд вақти зарурӣ таъин карда шавад (фосилаи тағйир
додани нишондод 1 соат).
Барои бекор кардани функсия, тугмаи
то даме, ки давом-
нокии шуста ба ҷои «H:XX» ё рӯйхати интихобии барномаро
пахш кунед – нишондиҳандаи функсия берун меояд.
1.10 БА КОР АНДОХТАНИ БАРНОМА ВА ОҒОЗИ
ШУСТУШӮ
1.10.1 Барномаи интихобшудаи шустушӯ бо тугмачаи
ба кор андохта мешавад индикатори тугмача фурӯзон шуда,
бонги овозӣ садо медиҳад, дастгоҳи блокмонии дарча ба кор
даромада, шустушӯ оғоз мегардад. Дар индикатори вақт ҳисоби
баръакси вақти то охири шустушӯ сар мешавад. Ҳангоми
рафти шустушӯ фурӯзон мешаванд индикаторҳои: амалиёти
шустушӯии иҷрошудаистода, блокмонии дарча ва функсияҳои
иловагӣ (агар онҳо ба кор андохта шуда бошанд). Агар функсияи
иловагии старти мавқуфгузошта фаъол карда шуда бошад, он
гоҳ дар индикатори вақт ҳисоби вақти то оғози шустушӯ сар
мешавад )нишондиҳандаи вақт милтос мезанад, индикатори
тугмачаи
фурӯзон меистад).
1.10.2 Оҳаркунии ҷомашӯиро пас аз ҷомашӯӣ иҷро кардан
тавсия дода мешавад. Барои оҳаркунӣ дар об маводи махсусро
барои оҳаркунӣ тибқи тавсияҳои истеҳсолкунандаи он бо ҳисоби
он, ки ба мошина тақрибан 15 л об рехта мешавад, маҳлул кар-
дан зарур аст. Маҳлули оҳаркуниро ба новачаи мошина тибқи
дастурамали истифода (фасли 6) рехтан зарур аст. Дастакро ба
барномаи «Полоиш» гузошта, суръати ҷафиш (ҳангоми зарурат)-
ро интихоб намудан ва барномаро бо тугмаи
фаъол кардан
зарур аст.
ДИҚҚАТ! Ҷомашӯии оҳаршаванда бо кондитсионер
коркард намешавад.
1.11 ФОСИЛА/ТАВАҚҚУФИ МУВАҚҚАТӢ ДАР КОРИ
МОШИН/ИЛОВА КАРДАНИ ЛИБОС ПЕШ АЗ ШУСТУШӮӢ
1.11.1 Боздоштани кори мошина бе бекоркунии барнома бо
расиши давомноки (на кам аз 3 сония) тугмаи
амалӣ меша-
вад – садои огоҳкунанда садо медиҳад, индикатори тугмаи
равшан мешавад, ҳисоби вақт ва ҷомашӯӣ боз дошта шуда, дар
индикатори вақт ишораи «Р» равшан мешавад.
Агар тақрибан баъди 2 дақиқа индикатор
хомӯш шавад,
дарро кушодан мумкин аст.
ТАВАҶҶӮҲ! Дар ҳангоми баланд будани сатҳи об дар
чалаки (бак) мошин ва/ё ҳарорати баланди об то 60
0
С ва ҳам
дар вақти чархидани устувона (барабан) кушода намешавад.
Дарро кушоед, либосро пур кунед ё кашида бароред.
ТАВАҶҶӮҲ! Дар вақти изофа кардани либосҳо/берун
кашидани либосҳо даррро ба муддати тӯлонӣ кушода нигоҳ
надоред – зеро аз либосҳо об чакиданаш мумкин аст.
Барои идома додани ҷомашӯӣ ба тугмаи
расидан зарур
аст. Мошина иҷрои барномаро аз аввали амали боздошташуда
идома медиҳад, вақт то ба итмом расидани ҷомашӯӣ зиёдтар
мешавад.
Дар барномаҳои «Омехта», «Шоҳӣ», «Ҷомашӯии боэҳтиёт»
кори мошинаро боздоштан ва кушодани дарича вобаста ба сатҳи
баланди об дар бак имконнопазир аст.
1.12 БЕКОРКУНИИ БАРНОМА
1.12.1 Барои бекоркунии барномаи иҷрошаванда тугмаи
-ро дар давоми 3 сония пахш кардан зарур аст – дар индика-
тори вақт ҳисоби вақти (дар сонияҳо) то хомӯшшавӣ (масалан
«3..2..1») оғоз мешавад, навиштаҷоти «OFF» равшан мешавад.
Баъдан мошина хомӯш мешавад ва барномаи иҷрошаванда
бекор карда мешавад.
Дар сурати зарурат дарчаро кушода, барномаи «Обхоликунӣ/
Фишурдан»-ро ба кор андохта ва бо тугмачаи
ифодаи суръати
фишурдани ҷомашӯиро «---» (фишурдан хомўш аст) интихоб
намуда, обро холӣ кардан лозим.
ДИҚҚАТ! Даричаи мошинаро дар сурате, ки сатҳи об дар
устувона ба назар аз оинаи даричаи намудор аст, накушоед.
1.13 ХОМӮШКУНИИ МОШИНА
1.13.1 1 Пас аз поёни амали охирин шустушӯ бар рӯи нишон-
гари вақт навиштаи «End» пайдо мешавад, абзори қуфли дарича
баста мешавад, аломати садоӣ шунида мешавад, нишонгарҳои
амалиёти шустушӯ, нишонгари қуфли дарича ва нишонгари
тугмаи
хомӯш мешавад.
Агар мошин ба ҷараёни барқ васл бошад, пас аломати садоӣ
5 мартаба бо фосилаи 1 дақиқа шунида мешавад, аммо 15 дақиқа
пас аз поёни шустушӯ нишондиҳанда қатъ ва мошин ба таври
худкор хомӯш мешавад, то инки масрафи барқ сарфаҷӯӣ шавад.
1.13.2 Ҳамин ки шустушӯ ба анҷом расид, бар тугмаи
ан-
гушт занед ва мошинро хомӯш кунед. Пас аз он, шохаки сими
барқро аз пириз (розетки) ҷудо кунед ва шири интиқоли обро
бибандед. Ҳоло даричаро боз кунед ва либосҳоро берун гиред.
2 БАРНОМАҲОИ ҶОМАШӮӢ
2.1 Дар мошина, тибқи Ҷадвали 1, барномаҳои асосии
шустушӯ (Пахта, Синтетика, Омехта, Пашм) ва махсус (Босуръ-
ат 15’/30’, Кӯдакона, Абрешим, Тароват додан, Куртаҳо, Ҷинс,
Либосҳои тираранг, Шустушӯи рӯйкашҳо, Ҷилдҳои рахти хоб,
Шустушӯи боэҳтиёт, Баномаи дӯстдошта, Тоза кардани бара-
бан, Чайқонидан (қатронкунӣ), Холӣ кардани об/Фишурдан)
пешбинӣ шудаанд.
2.2 Барномаҳои махсус хусусиятҳои либосу ашёҳои шуста-
шавандаро ба назар мегиранд.
«Зуд 15’/30’» барои шустани миқдори начандон калони
ҷомашӯии дараҷаи ифлосиаш кам, бо сарфаи вақт ва қувваи барқ
имкон медиҳад. Ҳангоми истифодаи барнома либосу ашёҳоро аз
матоъҳои гуногун (ба истиснои пашм ва шоҳӣ, инчунин маснуот
барои ҷомашӯии дастӣ) шустан мумкин аст. Ҳангоми интихоби
ҳарорат 20
0
С ё 30
0
С давомнокии ҷомашӯӣ 15 дақиқаро ташкил
медиҳад. Ҳангоми интихоби ҳарорати ҷомашӯӣ 40
0
С давом-
нокии ҷомашӯӣ 30 дақиқаро ташкил медиҳад.
«Кӯдакона» барнома барои шустани либоси кӯдакон,
парпечҳо, ҷиҳози рахти хоб, сачоқҳо, дастрӯмолҳо ва ғ. Барно-
маро барои шустани либосу ашёҳои ба одамони дорои таассур
нисбати воситаҳои шустушӯ истифода кардан тавсия дода ме-
шавад. Ҳангоми иҷрои барнома самараноки и баланди ҷомашӯӣ
ва полоиш таъмин мешавад.
Ҳангоми интихоби барнома ба таври автоматикӣ вазифаи
«Ҷомашӯии пешакӣ
» фаъол мешавад, ки онро тавассути
тугмаи
хомӯш кардан зарур аст.
«Абрешим» барнома барои шустани маснуоти абрешимӣ
ва аз вискоза омодашуда, либоси таг, пардаҳо. Реҷаи эҳтиёткории
дар барнома пешбинишуда матоъҳоро аз ғиҷимшавӣ эмин
медорад.
«Тароват додан» ин барнома барои бо бухор шустани
матоъҳое, ки ба навсозӣ ниёз дорад, дар назар гирифта шуда
аст. Дар раванди шустушӯ бо бухор, буйҳои нохушоянд рафъ
ва матоъ навсозӣ мешавад. Барнома барои матоъҳои тунук ва
нозук дар назар гирифта нашуда аст.
«Куртаҳо» барнома барои шустани куртаву нимкунтаҳо
аз матоъ ва рангҳои гуногун. Барнома то ҳадди ниҳоӣ нигоҳ
доштани либосҳоро таъмин намуда, ба туфайли фишурдани
эҳтиёткорона ҳангоми шустушӯ, ғиҷимшавии матоъро коҳиш
медиҳад.
«Ҷинс» барнома барои шустани либосу ашёҳо аз матои
джинс. Дар рафти ҷомашӯӣ эҳтимоли рангпарӣ ва рангзании
матои джинс кам мешавад.
«Либоси сиёҳранг» барнома барои шустани либосу ашёҳо
аз матоъҳои сиёҳранги пахтагӣ ва сунъӣ, ки нигоҳубинӣ махсусро
талаб намекунанд.
«Шустани рӯйкашҳо» барнома барои шустани кампалу
рӯйкашҳо, ба истиснои маснуоти пашмӣ ва абрешимӣ.
Информация для предварительного ознакомления. Официальной информацией изготовителя не является

Содержание

Похожие устройства

Скачать
Случайные обсуждения

Ответы 1

Как обслуживается лоток
1 год назад