Атлант 6325-101 Инструкция по эксплуатации онлайн [38/47] 167328
![Атлант 6325-101 Инструкция по эксплуатации онлайн [38/47] 167328](/views2/1192591/page38/bg26.png)
38
TGK
озуқаҳои яхкунондашуда ва камтар шудани муддати
нигоҳдории онҳо роҳ надиҳед, то ки озуқаҳои тозае, ки дар
КЯ ҷо медиҳед бо озуқаҳои қаблан ях кунондашуда бо як-
дигар тамос дошта бошанд.
6.3 ҶО БА ҶО КАРДАНИ ОЗУҚАҲОИ ЯХ КУНОНДАШУДА
6.3.1 Ба мақсади ҳифзи ҳар чи бештари ҳарорати паст дар
КЯ дар мавриди қатъ шудани энергияи электрикӣ, аз кор баро-
мадани хунуккунак ва ғайра озуқаҳои яхкунондашударо бояд ба
як дигар наздиктар монд.
6.3.2 Дар хунуккунакҳое, ки қисми нигоҳдорӣ дуто ва беш-
тар сабад доранд, иҷозат дода мешавад озуқаҳои яхкунондашу-
да мустақиман дар рафҳои КЯ ҷо кунанд, барои он бояд қаблан
сабадҳо (ғайр аз охирин) ро аз он ҷо баровард ва ҳифзи балан-
дии озуқаҳо, мувофиқи банди 6.2.3 риоя кард.
6.3.3 Дар ҳангоми ҷо кардану даровардани озуқаҳо аз КЯ
бояд сабадро то охир ба тарафи худ кашид ва дар сурати лозим
будан аз КЯ берун кард. Барои ин кор бояд дастаи сабадро ги-
рифт ва каме боло кард.
Барои осонтар кардани ҷо ба ҷо кардани сабад хориҷ аз ях-
дон дар сатҳи паҳлўи онҳо дастаҳо ба назар гирифта шудааст.
ДИҚҚАТ! Барои таъмини гардиши ҳаво дар дохили КЯ
сабадҳоро то охир ғеҷонед.
6.4 АЗ ЯХ ФАРОВАРДАН ВА ТОЗА КАРДАН
6.4.1 Дар яхдон системаи автоматии обкунандаи No Frost
(минбаъд ситемаи No Frost) (ба замима назар кунед) аз ях баро-
вардани КЯ талаб карда намешавад. КЯ-ро дар як сол ҳадди ақал
як маротиба тоза кардан лозим аст.
6.4.2 Дар яхдоне, ки системаи No Frost надорад агар қабати
барф дар КЯ ё ки дар шўъбаи яхкунанда пайдо шавад, баъд аз
ҳар як аз ях фаровардан тоза кардан тавсия мешавад, аммо ҳадди
ақал дар як сол ду маротиба.
Агар қабати барф беш аз 3 мм бошад (аз 5 то 7 мм дар
моделҳои МХМ-2808-ХХ, МХМ-2819-ХХ, МХМ-2826-ХХ,
МХМ-2835-ХХ, ХМ-3101-ХХХ, МХ-2822-ХХ, МХ-2823-ХХ), ях-
донро мувофиқи 6.4.3 аз ях фаровардан лозим аст.
Барои тоза кардани қабати барф аз сатҳи КХ ҳангоми аз ях
баровардани он белчаи пластикӣ (агар дар комплекти он мавҷуд
бошад) истифода карда мешавад.
Барои тоза кардани қабати барф бо мақсади пешгирии
шикастани агрегати хунуккунанда истифодаи чизҳои металлӣ
МАНЪ карда мешавад.
6.4.3 Барои об кардани яхи КЯ ва тоза кардан лозим аст:
— вилкаи сим тағзияро аз васлак бароварда яхдонро аз ша-
бакаи барқ қатъ кард;
— ҳамаи озуқаҳоро аз КЯ берун бароварда ва дар рафҳои ка-
мераи хунуккунак гузошт;
— дари КЯ ро боз гузошт;
— оби пайдо шударо мувофиқи замима нест кард (дар су-
рати набудани системаи No Frost);
— камераро мувофиқи 4.4 шуст, комилан хушк кард.
ДИҚҚАТ! Барои гирифтани пеши роҳи пайдошавии бўи
нохуш дар КХ камера, қисмҳои таркибии он, зичкунанда, ва
атрофи зичкунандаи дарро хуб бишўед.
7. ТАВСИЯҲО ОИДИ НИГОҲДОРӢ ВА ДАР
ҲОЛАТИ САРД НИГОҲ ДОШТАНИ МАҲСУЛОТ
7.1 НИГОҲ ДОШТАНИ МАҲСУЛОТ ДАР КАМЕРАИ
ЯХДОН
7.1.1 Барои он ки маҳсулот бўи хуш, ранг, намӣ ва тозагиро
дар худ нигоҳ дорад, онҳоро дар ҳолати борбандӣ, ёки дар до-
хили зарфи хуб маҳкам карда шуда бояд нигаҳ дошт. Нигоҳ до-
штани моеҳо дар зарфи хуб маҳкам карда шуда ба зиёд шуда-
ни намии он ва пайдо шудани бўйҳои дигар дар камераи яхдон
роҳ намедиҳад.
7.1.2 Меваҳо ва сабзавоти ба зарфҳо ҷойгир карда шударо дар
ҳолати борбанд нашуда метавон нигоҳ дошт (мева ва сабзавоти
шуста шударо бояд хушк кард). Дар ин маврид дар сатҳи рафи
шишагӣ (дар поён буда) конденсатҳо метавонанд пайдо шаванд.
7.1.3 Тавсияҳо оиди мўҳлати нигоҳдорӣ ва ҷойгир кардани
маҳсулоти асосии хурокворӣ ба камераи яхдон дар ҷадвали 1
оварда шудааст.
ДИҚҚАТ! Равғанҳои растанӣ ва чарбҳо ба ҷойҳои
маҳкамшавии дарҳо ва сатҳи пластикии яхдон набояд аф-
танд, чунки ба хароб шудани онҳо сабаб мешаванд.
7.2 БА ҲОЛАТИ САРД ОВАРДАН ВА НИГОҲ ДОШТАНИ
МАҲСУЛОТИ ЯХКАРДА ДАР КАМЕРАИ ЯХКУНӢ
7.2.1 Барои ба вуҷуд овардани шароити мусоид ба яхкунӣ
маҳсулоти яхкунандаро бояд ба қисмҳо ҷудо карда ба пакетҳо
бояд ҷойгир кард. Қабати маҳсулоти яхкунанда чанд миқдор кам
бошад ҳамон тавр сурати яхкунӣ меафзояд, сифати маҳсулот
хубтар мешавад ва муддати нигоҳдории он зиёд мегардад. Бор-
бандии маҳсулот бояд хуб ва ба таври герметикӣ маҳкам бошад.
Тавсияҳо оиди мўҳлатҳои нигоҳдории маҳсулоти хурокво-
рии яхкарда дар камераи яхкунӣ (дар шароити хона) дар ҷадвали
2 оварда шудааст.
ДИҚҚАТ! Ба мўҳлати нигоҳдории маҳсулоти яхкарда,
ки дар банду печи истеҳсолкунанда қайд гардидааст, риоя
намоед.
7.3 ТАЙЁР КАРДАНИ ЯХИ ХУРОКВОРӣ.
7.3.1 Аз чор се ҳиссаи қолиби яхро бо оби нўшокӣ пур карда
ба ҷои сарди камераи яхкунии МХ-2822-ХХ, МХ-2823-ХХ ба наз-
ди танаи паҳлўии қисми яхкунӣ ҷойгир кард.
7.3.2 Агар асоси қолибро ба оби гарм 5 сония ҷойгир карда
сипас шаклро чаппа гардонем ва каме каҷ намоем кубикҳои ях
ба осонӣ берун мебароянд.
ДИҚҚАТ! Кубикҳои яхро пас аз берун кардан аз қолиби
ях зуд ба даҳон нагиред ва ба маҳсулоти ях карда дастони
нами худро нарасонед, чунки хатари яхкунӣ маҷуд аст.
7.4 Ин чизҳо тавсия намешаванд:
— ба яхдон ҷойгир кардани маҳсулоти гарм. Даставвал
онҳоро бояд то ҳарорати хона хунук бояд кард;
— маҳсулоти аз ҳолати яхкунӣ берун шударо дубора ба
ҳолати яхкунӣ овардан.
8 . Х У С У С И Я Т Ҳ О И К О Р И Я Х Д О Н
8.1 Агар дари чанд лаҳза пеш пўшида шудаи камераи яхкунӣ
ёки камераи хунуккуниро кушода натавонем дар ин ҳолат аз 1
то 3 дақиқа бояд таваққув намоем, то ки фишори дар дохили ка-
мера буда бо фишори дар берун буда баробар шавад сипас дар-
ро кушодан мумкин аст.
8.2 Ҳангоми кор кардани яхдон ғалоғула мавҷуд мебошад,
ки он хислати функтсионалӣ дошта ба ҳеҷ нуқсоне алоқамандӣ
надорад.
Барои нигоҳ доштани ҳарорат дар дараҷаи додашуда дар ях-
дон ҳар вақт компрессорҳо фаъол ва хомўш мешаванд. Ғалоғулаи
дар ин вақт пайдо шуда, вақте, ки дар яхдон ҳарорати корӣ пай-
до гардад, ба таври автоматикӣ паст мешавад.
Дар баъзе намудҳои яхдонҳо ҳангоми фаол (хомўш) карда-
ни компрессор як ҳўппоқе пайдо мешавад, яъне датчик-релеи
Ҷадвали 1 – Тавсияҳо оиди муҳлати нигоҳдории маҳсулоти асосии хурокворӣ ва ҷойгир кардани онҳо
дар камераҳои яхдон.
Махсулотхо Муддати нигоҳдорӣ, шабонаруз Ҷобаҷокунӣ дар хунуккунанда
Гушти хом, мохи, қима Аз 1 то 2 Аз тарфи поён (аз ҳама хунуктарин чой)
Маска, панир Аз 5 то 7 Дар рафча ё дар дари рафча
Шир, каймок, ҷурғот Аз 1 то 3 Дар рафча ё дар дари рафча
Тухм 10 Дар рафча ё дар дари рафча
Мева ва сабзавот То 10 Дар зарф (мева ва сабзавот)
Содержание
Похожие устройства
- Zanussi zck 9552 g1w Инструкция по эксплуатации
- Zanussi zck 9540 g1w Инструкция по эксплуатации
- Yealink TA410 Инструкция по эксплуатации
- Yealink TA200 Инструкция по эксплуатации
- Yealink TA200 Руководство по подключению
- Yealink TA200 Технические характеристики
- Yealink TA100 Инструкция по эксплуатации
- Yealink TA100 Руководство по подключению
- Yealink TA100 Технические характеристики
- Yealink TG1600 Инструкция по эксплуатации
- Yealink TG1600 Руководство администратора
- Yealink TG1600 Технические характеристики
- Yealink TG800 Инструкция по эксплуатации
- Yealink TG800 Руководство администратора
- Yealink TG800 Технические характеристики
- Yealink TG400 Инструкция по эксплуатации
- Yealink TG400 Руководство по конфигурации
- Yealink TG400 Технические характеристики
- Yealink TG200 Инструкция по эксплуатации
- Yealink TG200 Руководство по подключению