Атлант СМА-80С1213-01 Руководство по эксплуатации онлайн [36/48] 800547

Атлант СМА-80С1213-01 Руководство по эксплуатации онлайн [36/48] 800547
36
TGK
1 ТАВСИФИ КОРИ МОШИНА
1 ТУГМАҲОИ ИДОРАКУНӢ
1.1.1 Тугмаҳои идоракунии мошина дар лавҳи идоракунӣ
тибқи расми 1. ҷойгир шудаанд. Дастаки интихоби барнома ва
тугмаҳои идоракунӣ дар расмҳои 2 ва 3 тасвир шудаанд.
Тугмаи фаъолкунӣ/хомӯшкунӣ
барои фаъолкунӣ ва
хомӯшкунии мошина, барои бекоркунии барнома ҳангоми
ҷомашӯӣ таъин шудааст.
Дастаи интихоби барнома (минбаъд – дастак) тибқи рас-
ми 2 дар ду самт гардонида мешавад: бо самти ақрабаки соат ва
муқобили ақрабаки соат. Дар атрофи он номи барномаҳо навиш-
та шудаанд. Барномаи интихобшуда бо индикатори мутобиқ, ки
дар атрофи дастак ҷойгир шудаанд, равшан мешавад.
Тугмаи «Старт/фосила»
барои оғози кори мошина
тибқи барномаи интихобшуда, инчунин барои муайян кардани
фосила бидуни бекоркунии барномаи ҷомашӯӣ пешбинӣ шуда-
аст. Индикатори тугма ҳангоми иҷрошавии барномаи ҷомашӯӣ
равшан мешавад ва ҳангоми муайянкунии фосила хомӯш ва
равшан шуда меистад.
Тугмаи интихоби ҳарорат «Темп.
» (минбаъд туг-
маи
) барои интихоб кардани ҳарорати ҷомашӯӣ, ки аз
ҳарорати дар барномаи ҷомашӯӣ додашуда фарқ мекунад,
имкон медиҳад. Қимати интихобшуда бо индикатори мутобиқ
равшан мешавад.
Тугмаи интихоби миқдори гардиши устувона ҳангоми
ҷафиш «Отжим
» (минбаъд тугмаи ) барои интихоб
кардани миқдори гардиши устувона ҳангоми ҷафиш (мин-
баъд суръати ҷафиш) аз қимати калонтарини дар барномаи
ҷомашӯӣ пешбинишуда нисбатан хурдтар имкон медиҳад.
Қимати интихобшудаи суръати ҷафиш бо индикатори мутобиқ
равшан мешавад.
Тугмаи интихоби вазифаҳои иловагӣ, аз ҷумла туг-
мае, ки бо тасвири графикии «Опция/3сек.» (минбаъд
«Опция/3сек.») ишора шудааст, барои ба барномаи илова
кардани вазифаҳои иловагӣ имкон медиҳанд. Вазифаи иҷрошуда
бо индикатори мутобиқ равшан мешавад.
ДИҚҚАТ! Ҳамаи тугмаҳои идоракунӣ, ба ғайр аз тугмаи
сенсорӣ мебошанд ва аз расиши сабук фаъол мешаванд.
1.2 ИНДИКТОРҲОИ РАВШАНШАВАНДА
1.2.1 Дар ҳудудҳои лавҳи идоракунӣ индикаторҳои равшан-
шаванда тибқи расми 3 пешбинӣ шудаанд.
Индикаторҳои амалиётҳои ҷомашӯӣ:
– тар кардан,
– ҷомашӯии пешакӣ,
– ҷомашӯӣ,
– полоиш,
– ҷафиш ва партови об.
Индикаторҳои амалиётҳои ҷомашӯӣ ҳангоми кори мошина
тибқи барномаи интихобшуда бонавбат равшан мешаванд.
Расми 1 – Лавҳи идоракунӣ Расми 2 – Дастаки интихоби барнома
новача
дастаки интихоби
барнома
тугмаи фаъолкунӣ/
хомӯшкунии мошина
тугмаи
«Cтарт/фосила»
Тез 15’/30’
Омехта
Кӯдакона
Джинси
Либоси сиёҳранг
Ҷиҳози рахти хоб
Ҷомашӯии боэҳтиёт
Барномаи дӯстдошта
Синтетика
Пашм
Шоҳӣ
Варзиш
Партови об/Ҷафиш
Куртаҳо
Полоиш
ҳудуди индикаторҳо ва
тугмаҳои идоракунӣ
Пахта
Индикатори вақт давомнокии ҷомашӯӣ, инчунин вақти то
саршавии ҷомашӯиро ҳангоми интихоб кардани «Оғози батаъ-
хирмондашуда
» нишон медиҳад.
Индикаторҳои вазифаҳои иловагӣ ҳангоми фаъолшавии
вазифаҳои иловагӣ равшан мешаванд.
Индикатори маҳдудкунии дарича
ҳангоми имконно-
пазир набудани кушодани дарича равшан мешавад.
Индикатори корношоямӣ
ҳангоми корношоямӣ рав-
шан мешавад.
1.3 ВАЗИФАҲОИ ИЛОВАГӢ
1.3.1 Имконияти истифодаи вазифаҳои иловагӣ аз барномаи
ҷомашӯӣ вобастагӣ дорад (ниг. ба ҷадвали 1).
«Полоиши иловагӣ
» барои либоси кӯдакона, либоси
шахсони дорои ангезаҳо нисбати воситаҳои шустушӯ ё барои
ҷомашӯӣ дар оби хеле нарм, ки дар об нисбатан душвору но-
пурра полоиш карда мешавад пешбинӣ шудааст.
Ҳангоми фаъолкунии вазифа ба барномаи ҷомашӯӣ боз як
полоиш илова мешавад.
«Иловаи об
» барои баланд кардани сатҳи ҳангоми
ҷомашӯӣ ва ҳангоми полоиш барои баланд кардани самаранокии
полоиши ҷомашӯӣ имкон медиҳад.
«Тар кардан
» барои либосу ашё аз матои пахтагини сахт
ифлос пешбинӣ шудааст. Либос ва ашёҳо дар об дар давоми 2
соат дар маҳлули воситаи шустушӯй (бо мунтазам чаппа кардани
он) нигоҳ дошта шуда, баъдан бо барномаи интихобшуда шуста
мешаванд. Ҳангоми интихоби вазифа бо мақсади беҳтар кардани
сифати ҷомашӯӣ якҷоя вазифаи ҷомашӯии пешакӣ фаъол меша-
вад ду индикатори мутобиқ равшан мешаванд. Тар кардан пас
аз ба итмом расидани ҷомашӯии пешакӣ, вақте ки индикатори
таркунӣ равшану хомӯш шудан мегирад, иҷро мешавад.
Барои бекор кардани таркиб дар давоми шустани он, тугма-
чаи «Опция/3сек.» -ро пахш намоед – мошин тибқи барномаи
интихобшуда оғоз меёбад.
«Ҷомашӯии пешакӣ
» барои либосу ашёҳо аз матои
пахтагини сахт ифлос пешбинӣ шудааст. Ҳангоми фаъолку-
нии вазифа либосу ашёҳо дар маҳлули воситаи шустушӯй дар
ҳарорати 30
0
С шуста мешаванд, ки ин соқиткунии босифати
ифлосиро ҳангоми ҷомашӯии асосӣ таъмин мекунад.
«Ҷомашӯии шабона
» барои таъмини кори мошина бо
сатҳи пасти овоз истифода мешавад. Ҷомашӯӣ бо суръати пасти
ҷафиш, инчунин бо садои огоҳкунандаи хомӯшшуда амалӣ ме-
шавад.Вазифаи
-ро ҳангоми шустани либоси дараҷаи сахти
ифлосӣ истифода кардан тавсия дода намешавад.
ДИҚҚАТ! Ҳангоми истифодаи вазифа ҷафиши хотимавӣ
амалӣ намешавад. Пас аз ҷомашӯӣ барномаи «Партови об/
Ҷафиш»-ро интихоб кардан зарур аст.
«Дарзмоли сабук
» барои кам кардани парчиншавии
матоъ дар рафти ҷомашӯӣ ва ҷафиш, сабук кардани дарзмоли
минбаъда истифода мешавад. Истифодаи вазифа реҷаи сабуки
ҷомашӯӣ ва ҷафиши эҳтиёткоронаро бо шумораи камтарини
парчинҳо таъмин мекунад.
Информация для предварительного ознакомления. Официальной информацией изготовителя не является

Содержание

Похожие устройства