Атлант СМА-80С1214-01 Руководство по эксплуатации онлайн [38/48] 800548

Атлант СМА-80С1214-01 Руководство по эксплуатации онлайн [38/48] 800548
38
TGK
Барои бекор кардани функсия, тугмаи то даме, ки давом-
нокии шуста ба ҷои «H:XX» ё рӯйхати интихобии барномаро
пахш кунед – нишондиҳандаи функсия берун меояд.
1.9 БА КОР АНДОХТАНИ БАРНОМА ВА ОҒОЗИ
ШУСТУШӮ
1.9.1 Барномаи интихобшудаи шустушӯ бо тугмачаи
ба
кор андохта мешавад индикатори тугмача фурӯзон шуда, бонги
овозӣ садо медиҳад, дастгоҳи блокмонии дарча ба кор даромада,
шустушӯ оғоз мегардад. Дар индикатори вақт ҳисоби баръакси
вақти то охири шустушӯ сар мешавад. Ҳангоми рафти шустушӯ
фурӯзон мешаванд индикаторҳои: амалиёти шустушӯии
иҷрошудаистода, блокмонии дарча ва функсияҳои иловагӣ (агар
онҳо ба кор андохта шуда бошанд). Агар функсияи иловагии
старти мавқуфгузошта фаъол карда шуда бошад, он гоҳ дар
индикатори вақт ҳисоби вақти то оғози шустушӯ сар мешавад )
нишондиҳандаи вақт милтос мезанад, индикатори тугмачаи
фурӯзон меистад).
1.9.2 Оҳаркунии ҷомашӯиро пас аз ҷомашӯӣ иҷро кардан
тавсия дода мешавад. Барои оҳаркунӣ дар об маводи махсусро
барои оҳаркунӣ тибқи тавсияҳои истеҳсолкунандаи он бо ҳисоби
он, ки ба мошина тақрибан 15 л об рехта мешавад, маҳлул кар-
дан зарур аст. Маҳлули оҳаркуниро ба новачаи мошина тибқи
дастурамали истифода (фасли 6) рехтан зарур аст. Дастакро ба
барномаи «Полоиш» гузошта, суръати ҷафиш (ҳангоми зарурат)-
ро интихоб намудан ва барномаро бо тугмаи
фаъол кардан
зарур аст.
ДИҚҚАТ! Ҷомашӯии оҳаршаванда бо кондитсионер
коркард намешавад.
1.10 ФОСИЛА/ТАВАҚҚУФИ МУВАҚҚАТӢ ДАР КОРИ
МОШИН/ИЛОВА КАРДАНИ ЛИБОС ПЕШ АЗ ШУСТУШӮӢ
1.10.1 Боздоштани кори мошина бе бекоркунии барнома бо
расиши давомноки (на кам аз 3 сония) тугмаи
амалӣ меша-
вад – садои огоҳкунанда садо медиҳад, индикатори тугмаи
равшан мешавад, ҳисоби вақт ва ҷомашӯӣ боз дошта шуда, дар
индикатори вақт ишораи «Р» равшан мешавад.
Агар тақрибан баъди 2 дақиқа индикатор
хомӯш шавад,
дарро кушодан мумкин аст.
ТАВАҶҶӮҲ! Дар ҳангоми баланд будани сатҳи об дар
чалаки (бак) мошин ва/ё ҳарорати баланди об то 60
0
С ва ҳам
дар вақти чархидани устувона (барабан) кушода намешавад.
Дарро кушоед, либосро пур кунед ё кашида бароред.
ТАВАҶҶӮҲ! Дар вақти изофа кардани либосҳо/берун
кашидани либосҳо даррро ба муддати тӯлонӣ кушода нигоҳ
надоред – зеро аз либосҳо об чакиданаш мумкин аст.
Барои идома додани ҷомашӯӣ ба тугмаи
расидан зарур аст.
Мошина иҷрои барномаро аз аввали амали боздошташуда идома
медиҳад, вақт то ба итмом расидани ҷомашӯӣ зиёдтар мешавад.
Дар барномаҳои «Омехта», «Шоҳӣ», «Ҷомашӯии боэҳтиёт»,
«Куртаҳо» кори мошинаро боздоштан ва кушодани дарича во-
баста ба сатҳи баланди об дар бак имконнопазир аст.
1.11 БЕКОРКУНИИ БАРНОМА
1.11.1 Барои бекоркунии барномаи иҷрошаванда тугмаи
-ро дар давоми 3 сония пахш кардан зарур аст – дар индика-
тори вақт ҳисоби вақти (дар сонияҳо) то хомӯшшавӣ (масалан
«3..2..1») оғоз мешавад, навиштаҷоти «OFF» равшан мешавад.
Баъдан мошина хомӯш мешавад ва барномаи иҷрошаванда
бекор карда мешавад.
Дар сурати зарурат дарчаро кушода, барномаи «Обхоликунӣ/
Фишурдан»-ро ба кор андохта ва бо тугмачаи
ифодаи суръати
фишурдани ҷомашӯиро «---» (фишурдан хомўш аст) интихоб
намуда, обро холӣ кардан лозим.
ДИҚҚАТ! Даричаи мошинаро дар сурате, ки сатҳи об дар
устувона ба назар аз оинаи даричаи намудор аст, накушоед.
1.12 ХОМӮШКУНИИ МОШИНА
1.12.1 Пас аз итмоми амалиёти ҷомашӯӣ дар индикатори вақт
навиштаҷоти «End» пайдо мешавад, дастгоҳи маҳдудкунандаи
дарича аз кор мемонад, садои огоҳкунанда садо медиҳад,
индикаторҳои амалиётҳо, индикатори маҳдудкунии дарича ва
индикатори тугмаи
хомӯш мешаванд.
Агар мошина аз шабакаи барқ ҷудо нашуда бошад, садои
огоҳкунанда боз панҷ маротиба бо фосилаи як дақиқа садо
медиҳад, пас аз 15 дақиқа пас аз итмоми ҷомашӯӣ индикаторҳо
хомӯш мешаванд ва мошина ба таври автоматикӣ бо мақсади
сарфаи қувваи барқ хомӯш карда мешавад.
1.12.2 Ҳангоми итмоми ҷомашӯӣ тугмаи
пахш кардан за-
рур аст – мошина хомӯш мешавад. Баъдан васлакро аз шабакаи
барқ гирифта, ҷумаки таъмини обро маҳкам кардан зарур аст.
Даричаро кушода, либос ва ашёҳои шусташударо берун кардан
зарур аст.
2 БАРНОМАҲОИ ҶОМАШӮӢ
2.1 Дар мошина, тибқи Ҷадвали 1, барномаҳои асосии
шустушӯ (Пахта, Синтетика, Омехта, Пашм) ва махсус (Бо-
суръат 15’/30’, Кӯдакона, Абрешим, Варзиш, Куртаҳо, Ҷинс,
Либосҳои тираранг, Шустушӯи рӯйкашҳо, Ҷилдҳои рахти хоб,
Шустушӯи боэҳтиёт, Баномаи дӯстдошта, Тоза кардани бара-
бан, Чайқонидан (қатронкунӣ), Холӣ кардани об/Фишурдан)
пешбинӣ шудаанд.
2.2 Барномаҳои махсус хусусиятҳои либосу ашёҳои шуста-
шавандаро ба назар мегиранд.
«Зуд 15’/30’» барои шустани миқдори начандон калони
ҷомашӯии дараҷаи ифлосиаш кам, бо сарфаи вақт ва қувваи барқ
имкон медиҳад. Ҳангоми истифодаи барнома либосу ашёҳоро аз
матоъҳои гуногун (ба истиснои пашм ва шоҳӣ, инчунин маснуот
барои ҷомашӯии дастӣ) шустан мумкин аст. Ҳангоми интихоби
ҳарорат 20
0
С ё 30
0
С давомнокии ҷомашӯӣ 15 дақиқаро ташкил
медиҳад. Ҳангоми интихоби ҳарорати ҷомашӯӣ 40
0
С давом-
нокии ҷомашӯӣ 30 дақиқаро ташкил медиҳад.
«Кӯдакона» барнома барои шустани либоси кӯдакон,
парпечҳо, ҷиҳози рахти хоб, сачоқҳо, дастрӯмолҳо ва ғ. Барно-
маро барои шустани либосу ашёҳои ба одамони дорои таассур
нисбати воситаҳои шустушӯ истифода кардан тавсия дода ме-
шавад. Ҳангоми иҷрои барнома самараноки и баланди ҷомашӯӣ
ва полоиш таъмин мешавад.
Ҳангоми интихоби барнома ба таври автоматикӣ вазифаи
«Ҷомашӯии пешакӣ
» фаъол мешавад, ки онро тавассути
тугмаи
хомӯш кардан зарур аст.
«Абрешим» барнома барои шустани маснуоти абрешимӣ
ва аз вискоза омодашуда, либоси таг, пардаҳо. Реҷаи эҳтиёткории
дар барнома пешбинишуда матоъҳоро аз ғиҷимшавӣ эмин
медорад.
«Варзиш» барнома барои шустани либосҳои гуногу-
ни варзишӣ, пойафзоли варзишӣ, инчунин баъзе намудҳои
абзорҳои варзишӣ (тӯбҳои футбол, волейбол, тӯбчаҳо барои
теннис ва ғ.). Барномаи «Варзиш»-ро барои шустани либосҳо
байни тамринҳо, барои бахшидани тароват, истифода мебаранд.
Ҳангоми шустани пойафзол ва абзори варзишӣ интихоби
суръати фишурдани 400 гардиш/дақиқа тавсия дода мешавад.
«Куртаҳо» барнома барои шустани куртаву нимкунтаҳо
аз матоъ ва рангҳои гуногун. Барнома то ҳадди ниҳоӣ нигоҳ
доштани либосҳоро таъмин намуда, ба туфайли фишурдани
эҳтиёткорона ҳангоми шустушӯ, ғиҷимшавии матоъро коҳиш
медиҳад.
«Ҷинс» барнома барои шустани либосу ашёҳо аз матои
джинс. Дар рафти ҷомашӯӣ эҳтимоли рангпарӣ ва рангзании
матои джинс кам мешавад.
«Либоси сиёҳранг» барнома барои шустани либосу ашёҳо
аз матоъҳои сиёҳранги пахтагӣ ва сунъӣ, ки нигоҳубинӣ махсусро
талаб намекунанд.
«Шустани рӯйкашҳо» барнома барои шустани кампалу
рӯйкашҳо, ба истиснои маснуоти пашмӣ ва абрешимӣ.
«Ҷиҳози рахти хоб» –барнома барои шустани рӯкаши рахти
хоб (рӯкаши кӯрпа, рӯкаши таг, рӯкаши болишт), ба истиснои
ашёҳо аз матои шоҳӣ ва нозук.
«Ҷомашӯии боэҳтиёт» барои шустани ашёҳо аз матоъҳои
хеле тунук ва нозуке, ки дар тамғагузории худ рамзи
ҳангоми
нигоҳубин доранд, таъин шудааст.
Барнома бо ҷафиши кӯтоҳи сабук ба итмом мерасад.
Информация для предварительного ознакомления. Официальной информацией изготовителя не является

Содержание

Похожие устройства

Скачать