Атлант 7204-501 Руководство по эксплуатации онлайн [34/44] 780183

Атлант 7204-501 Руководство по эксплуатации онлайн [34/44] 780183
34
TGK
изобутан (R600а) ҷойгир мебошад.
ДИҚҚАТ! Ба зараррасии тарзи низоми яхкунонанда роҳ
надиҳед.
ДИҚҚАТ! Дастгоҳҳи механикӣ ёки дигар воситаҳоро
барои тезонидани раванди азяхфурорӣ истифода набаред.
Ашёҳо ва дастгоҳҳоро барои несткунии рӯйпӯши барфи-
ро, ки дар дастурмали истифодабарии яхкунонанда тавсия
дода нашудаанд, татбиқ накунед.
ДИҚҚАТ! Аз дастгоҳҳи барқии дохили яхкунонанда ис-
тифода набаред.
ДИҚҚАТ! Ҳангоми вайронии тарҳи низоми хунуккуӣ
бояд ҳавои хона бодиққат шамол дода шавад ва ба пайдо-
шавии манбаъҳои кушоди оташ дар наздикии яхкунонанда
роҳ дода нашавад, зеро ки изобутан гази зуд оташгиранда
мебошад.
ДИҚҚАТ! Яхкунонандаро дар наздикии бевоситаи
ашё ва моддаҳои зудоташгиранда ва паҳнкунандаи оташ
(пардаҳо, лакҳо, рангубор ва монанди он) насб накунед.
МАНЪ АСТ ҷобаҷогузории яхкунонанда ба меюел, ҳамчунин
пӯшидани фосила байни девори бино ва девори оқиби яхкуно-
нанда, ки бо такяҳои қафоӣ ҳосил мешаванд.
МАНЪ АСТ ҷобаҷогузории яхкунонанда ба ба токча, агар
дар болои яхкунонанда ва дар паҳлӯҳои он ҷои холӣ набошад
(ниг. ба 3.2).
ДИҚҚАТ! Ҷобаҷогузории яхкунонанда бо ҳамҳудудӣ
бо дастшӯякҳои филизӣ, қубқрҳои обгузаронӣ, гармидиҳӣ,
ташноб ва газтаъминкунӣ, бо дигар коммуникатсияҳои ба
замин пайвастшудаи филизӣ манъ карда мешавад.
Барои таъмини бехатарии барқӣ ва оташнишонӣ МАНЪ
КАРДА МЕШАВАД:
– пайвасткунии яхкунонанда ба шабакаи барқӣ, ки ҳимояи
нодуруст аз ҳад зиёд бордор шудани ҷараёнӣ дорад. Шабакаи
барқӣ бояд дастгоҳи ҳимоя, ки ба ҷараёни 10 А ҳисоб карда
шудааст, дошта бошад;
барои пайвасткунии яхкунонанда истифода бурдани
гузаронандаҳо, васлакҳои бисёрҷоя (ду ва зиёда аз он ҷойҳои
пайвасткунӣ доранд) ва ноқилҳои дарозкунанда;
ҷойкуни ва гирифтани вилкаи қувваи барқ аз васлак бо
дастони нам;
хомӯш кардани яхкунонанда аз шабакаи барқ, бо доштани
ноқили қувваи барқ;
дар яхкунонанда нигоҳ доштани моддаҳои хатари тар-
киш дошда ва кафанда, ҳамчунин баллончаҳои аэрозолӣ бо
пропеллентҳои зудоташгиранда;
дар яхдон нигоҳ доштани зарфҳои шишагӣ бо моеъҳои
яхкунанда;
ҷобаҷогузории дигар дастгоҳҳои барқӣ (печи микромавҷӣ,
тостер ва ғ.), ҳамчунин зарфҳо бо моеъҳо, растаниҳони хонагӣ
ба болои яхкунонанжа бо мақсади пешгирии намӣ ба унсурҳои
ноқили барқӣ.
2.7 Таъмири яхдонро бояд танҳо таъмиргари мутахассисе,
ки маҳорати ӯро таъминкунандаи хадамоти таъмир (минбаъд –
хадамоти таъмир) тасдиқ карда аст, анҷом бидиҳад. Барои он ки
пас аз таъмири он аз ҷониби шахси ғайримутахассис, эҳтимол
дорад, ки маҳсул ба олати хатарзо табдил шавад.
2.8 Дар ҳолати пайдошавии нодурустӣ дар кори яхкунонанда,
ки бо пайдошавии овози барқ, пайдошавии дуд ва монанди ин,
яхкунонанда зуд аз шабакаи барқ ҷудо карда шавад, бо кашида-
ни вилкаи ноқили қувваи барқ аз васлак, ва меахники хадамоти
хизматрасонӣ қеғ зада шавад.
Ҳангоми ба амал омадани сӯхтор яхкунонанда дарҳол аз
шабакаи барқ ҷудо карда шуда, барои хомӯш кардани сӯхтор
чораҳо дида шавад ва хадамоти сӯхторнишонӣ ҷеғ зада шавад.
2.9 Мӯҳлати хизмати яхкунонанда 10 сол аст.
ДИҚҚАТ! Бо гузариши мӯҳлати хизмати яхкунонанда
истеҳсолкунанда барои кори бехатари маҳсулот ҷавобгӯй
намебошад. Истфодабарии баъдина метавонад хатарнок
бошад, зеро ки эҳтимолияти пайдошавии ҳолатҳои хата-
ри барқӣ ва оташ аз сабаби кӯҳнашавии табии маводҳо ва
хӯрдашавии қисмҳои таркибии сохтори яхкунонанда хеле
зиёд мешаванд.
3 НАСБИ ЯХКУНОНАНДА
3.1 Яхкунонандаро дар ҷое, ки барои нурҳои рости офтобӣ
дастраснабуда, дар фосилаи на кам аз 50 см аз дастгоҳҳои
гармидиҳанда (плитаҳои газӣ ва барқӣ, печҳо, радиаторҳои
гармидиҳанда) бояд ҷобаҷо кард.
3.2 Дар болои яхкунонанда ва паҳлӯҳои он бояд фазои озоди
на кам аз 5 см барои гардиши ҳаво бошад.
ДИҚҚАТ! Сӯрохиҳои вентиятсиониро, ки дар баданаи
яхкунонанда ёки дар сохтори ҷобаҷошаванда мавҷуданд,
банд накунед.
МАНЪ КАРДА МЕШАВАД таҷҳизоти овезониро дар болои
яхкунонанда ба масофаи наздиктар аз 5 см.
3.3 Яхкунонандаро бояд нисбати фарш уфуқӣ гузошт, бо тоб
додани такяҳои танзимшаванда мувофиқи сурати 1. Яхкунонанда
бояд дар такяхо ва роликҳо устувор истад.
Барои худ пӯшида шудани дар ҷобаҷогузории яхкунонанда
бо хамии камтар, бо тоб додани такяҳо тавсия дода мешавад.
4 ОМОДАКУНИИ ЯХКУНОНАНДА БА
ИСТИФОДАБАРАНДА
4.1 Баъд аз кашонидани яхкунонанда қабл аз пайвасткунӣ ба
шабакаи барқӣ бояд на камтар аз ним соат нигоҳ дошта шавад.
Баъд аз кашонидан ҳангоми ҳарорати муҳити атроф пасттар
аз 0
0
С якунонандаро бояд на камтар аз 4 соат бо дари кушода
дар ҳарорати хона нигоҳ дошт.
4.2 Ҷамъкунандагонро аз маводҳои борпечӣ озод кунед.
Сатҳи берунаи рангкардашудаи яхкунонандаро бо латтаи му-
лоими дар оби гарм ёки маҳлули сусти собуни дар оби илиқ
омодакардашуда таркардашуда шӯед. Ҷамъкунандаҳо ва сатҳи
пластмассавии дохили яхкунонандаро бо латтаи мулоими дар
оби гарм ёки маҳлули сусти собун ёки сода дар оби илиқ омо-
дакардашуда таркардашуда шӯед (1 қошуқча содаи хӯрокворӣ
ба 1 л об). Баъд бо латтаи мулоими дар оби тоза таркардашуда
молида тоза кунед ва то хушк шуданаш бимолед. Яхкунонандаро
бодиққат шамол диҳед.
МАНЪ КАРДА МЕШАВАД истифодабарии губка
бо маводҳои абразивӣ, хамираҳои абразивӣ, воситаҳои
пардоздиҳанда ва шустанӣ, ки туршиҳо, ҳалкунандаҳо доранд,
ҳамчунин воситаҳо барои шустани зарфҳо.
ДИҚҚАТ! Лавҳача бо маълумоти пурра оиди яхкуно-
нандаро, ки дар дохили он мувофиқи сурати 2 ҷойгир аст,
берун накунед. Иттилооти мазкур барои хизматрасонии
техникӣ ва таъмири яъкунонанда дар давоми ҳамаи мӯҳлати
хизмат муҳим аст.
4.3 Ҷобаҷокунии такяҳои оқибӣ мувофиқи сурати 3:
ҷобаҷокунии қисми баромадаи такя байни симҳои кондесатор
ва тоб додани такя ба 90
0
.
4.4
Дари яхдонро метавон дар ҳар тарафи дилхоҳ насб
кард. Барои пешгирӣ аз шикастани яхдон ҳангоми тағйир до-
такяи қафо
Сурати 3Сурати 1
такя лавҳача
Сурати 2
Информация для предварительного ознакомления. Официальной информацией изготовителя не является
Скачать