Атлант 7204-501 Руководство по эксплуатации онлайн [35/44] 780183
![Атлант 7204-501 Руководство по эксплуатации онлайн [35/44] 780183](/views2/2011898/page35/bg23.png)
35
TGK
дани ҷои дарҳои он, тавсия мешавад, ки ба хадамоти таъмир
муроҷиат кунед.
Ҳангоми муроҷиат ба хадамоти таъмир, бар тибқи нарх-
номаи он анҷом додани тағйири ҷои дари яхчол пардохтӣ аст.
ДИҚҚАТ! Дар сурати пайдо шудани нуқсоне дар
маҳсул, ки ба сабаби худсаронаи тағйир додани ҷои дарҳо
аз ҷониби корбар ё шахси севум ба вуҷуд меояд, тавлидку-
нанда масъул нест.
5 ИСТИФОДАБАРИИ ЯХКУНОНАНДА
5.1 ПАЙВАСТКУНИИ ЯХКУНОНАНДА
5.1.1 Пайвасткунии яхкунонанда ба шабакаи барқӣ: гузош-
тани вилкаи ноқили қувваи барқ ба васлак.
ДИҚҚАТ! Пайвасткунии яхкунонандаро бояд на қаблтар
аз 5 дақиқаи хомӯшкунии он аз шабакаи барқ ба амал овард.
5.1.2 Фаъолкунии яхкунонанда мувофиқи замима – яхку-
нонанда дар тартиби «Нигоҳдорӣ», ки нигоҳдории босифати
маҳсулотҳои яхкунонидашуда ва яхкунонии миқдори ками
маҳсулотҳои тару тозаро таъмин мекунад, кор мекунад.
5.1.3 Тартиби «Яхкунонӣ» (дар баъзе тамғаҳо – функсия
«Суперяхкунонӣ») барои нисбатан зудтар яхкунонии маҳсулоти
тару тоза таъин гардидааст. Тартиби «Яхкунонӣ»-ро бояд пеш-
тар, 24 соат то пуркунии яхкунонанда бо маҳсулоти тару тоза
фаъол гардонид ва баъд аз 24 соати пуркунии маҳсулот бояд
хомӯш кард.
ДИҚҚАТ! Бо мақсади сарфаи қувваи барқ тартиби
«Яхкунонӣ» метавонад 6 соат пеш то пуркунӣ барои яхкуно-
нии маҳсулоти тару тозаи вазнашон на зиёда аз 12 кг фаъол
карда шуда бошад (ба ғайр аз М-7606-N).
5.1.4 Ҳарорат дар яхкунонанда аз ҳарорати муҳити атроф,
миқдори маҳсулоти нигоҳ дошта шаванда ва боз гузошташа-
ванда, зуд-зудии кушода шудани дар, ҷои ҷобаҷогузории яхку-
нонанда дар бино вобастагӣ дорад ва мувофиқи замима танзим
карда мешавад.
5.2 ЯХКУНОНИИ МАҲСУЛОТИ ТАРУ ТОЗА
5.2.1 Вазни маҳсулоти тару тоза, ки дар дар давоми шабонарӯз
ях кунонида мешаванд, бояд аз қувваи номиналии яхкунонии ях-
кунонанда ва камшавии муҳлати нигоҳдории он зиёд набошад.
5.2.2 Яхкунонии маҳсулоти тару тоҳа дар сабадчаҳо (ба ғайр
аз поёнӣ) дар тартиби «Нигоҳдорӣ» амалӣ карда шуда метавонад:
– то 5 кг дар шабонарӯз (дар М-7201-ХХХ, М-7203-ХХХ,
М-7204-ХХХ);
– то 4 кг дар тамғаҳои дигари яхкунонандаҳо.
Ҳангоми яхкунонии маҳсулотҳои вазназон то 8 кг дар як
шабонарӯз дар сабад бояд тартиби «Яхкунонӣ» фаъол карда
шавад.
5.2.3 Яхкунонии маҳсулоти тару тозаи вазнашон зиёда аз
8 кг-ро дар рафҳои фхкунонанда дар тартиби «Яхкунонӣ», тавсия
дода мешавад, бо гирифтани як ёки ду сабад (дар вобастагӣ аз
миқдори маҳсулот).
Барои таъмини гардиши ҳаво дар яхкунонанда байни
маҳсулотҳо бояд фазои холӣ бошад, маҳсулотҳо бояд аз канори
раф ёки хатти ниҳоии гузориш, ки дар сатҳи паҳлӯии дохили
яхкунонанда ишоракардашуда (ҳангоми мавҷудият) набароянд.
5.2.4 Гузоштани тушбера, поряҳои на он қадар калони гӯшт,
буттамеваҳо ба зарф барои яхкунонии буттамеваҳо (ҳангоми
мавҷудият) тавсия дода мешавад. Баъд аз яхкунонӣ маҳсулот
бояд бандубаст карда шуда, барои нигоҳдорӣ ба сабадҳо ҷой
карда шавад.
ДИҚҚАТ! Барои пешгирии баландшавии ҳарорати
маҳсулоти яхкунонидашуда ва камшавии муҳлати
нигоҳдории онҳо ба ҳамтаъсирии маҳсулоти тару тозаи
барои яхкунонӣ гузошта шаванда ва қаблан ях кунонида
шуда роҳ надиҳед.
5.3 ҶОБАҶОГУЗОРИИ МАҲСУЛОТИ ЯХКУНОНИДАШУДА
5.3.1 Маҳсулоти яхкунонидашударо барои нигоҳ доша шуда-
ни ҳарори паст дар яхкунонанда дар ҳолати вайроншавии таъ-
миноти қувваи барқ, дар ҳолати аз кор боз мондани яхкунонанда
ва ғ. бояд чӣ қадаре ки бошад ба якдигар наздик бояд гузошт.
ДИҚҚАТ! Бо мақсади сарфаи хароҷоти қувваи барқ
маҳсулоти яхкунонидашударо аз рафҳои яхкунонанда ба
сабадҳо саривақт чобаҷо кунед.
5.3.2 Сабадҳоро ҳангоми боркунӣ
ва гирифтани маҳсулот то ҳадди ақал
мекашанд, ҳаггоми тозакунӣ бошад,
то охир тела мекунанд в аз даста-
каш каме мебардоранд. Дар сатҳҳои
паҳлӯии сабадҳо дастакҳо мувофиқи
расми 4 пешбинӣ гардидаанд. Дизай-
ни сабадҳо метавонанд аз тасвири дар
расми 4 овардашуда фарқ кунад.
5.4 АЗ ЯХ ФУРОРӢ ВА ТОЗА
КАРДАНИ ЯХКУНОНАНДА
5.4.1 Яхкунонанда бо низоми
беқиравҳосилкунӣ (баъдан – низоми No Frost) (ниг. ба замима)
не аз ях фароварданро талаб намекунад. Яхкунонандаро барои
нигоҳдории тозагӣ на кам аз як маротиба дар як сол бояд тоза
кард.
5.4.2 Аз ях фаровардан ва тозакунии яхкунонандаҳо бе низо-
ми No Frost ҳангоми ҳосилшавии қабати хичи барфии ғавсиаш аз
5 то 7 мм дар дохили сатҳи хунуккунанда дар дохили яхкунонанда
тавсия дода мешавад. Қабати барфӣ барои расонидани хунукӣ
ба маҳсулот муқобилият нишон медиҳад.
МАНЪ АСТ барои нест кардани қабати барф истифода бур-
дани ашёҳои филизӣ барои пешгирии зараррасонӣ ба дастгоҳи
яхкунонанда.
Тозакунии яхкунонанда бе низоми No Frost баъд аз ҳар як аз
ях фурорӣ тавсия дода мешавад, вале на камтар аз ду маротиба
дар як сол.
5.4.3 Барои аз х фуровардан ва тоза кардани яхкунонанда
лозим аст:
– аз шабакаи барқ ҷудо карда шавад, бо роҳи берун кардани
вилкаи ноқили қувваи барқ аз васлак;
– гирифтани маҳсулот ва ҷамкунандагон;
– кушода гузоштани дари яхкунонанда;
– оби аз ях ҳосилшударо мувофиқи замимаҷамъ кардан
(ҳангоми набудани низоми No Frost);
– тоза кардани яхкунонанда мувофиқи банди 4.2, то хушк
шуданаш молиш додан.
ДИҚҚАТ! Барои пешгирии пайдошавии бӯши нохуш
дар яхкунонанда дохили яхкунонанда, ҷамъкунандагон,
зичкунанда, ҳамчунин минтақаи ҳамсарҳади зичкунанда
бо дарро бодиққат шӯед.
5.5 РӮШНОИДИҲӢ ДАР ЯХКУНОНАНДА
5.5.1 Дар баъзе тамғаҳои яхкунонанда чароғаки светодиодӣ, ки
хизматрасонии техникиро талаб намекунад, пешбинӣ гардидааст.
Дар ҳолати носозии чароғи светодиодӣ бояд механики мар-
кази хизматрасонӣ ҷеғ зада шавад.
МАНЪ АСТ истифодабарии яхкунонанда бо системаи
No Frost бо чароғаки светодиодии носоз.
5.6 ХОМӮШКУНИИ ЯХКУНОНАНДА
5.6.1 Барои хомӯшкунии яхкунонанда аз шабакаи барқӣ бояд
вилкаи ноқили барқӣ ах васлак ҷудо карда шавад.
6 ТАВСИЯҲО АЗ РӮИ НИГОҲДОРӢ,
АЗ ЯХ ФАРОВАРДАНИ МАҲСУЛОТ
6.1 ЯХКУНОНӢ ВА НИГОҲДОРИИ МАҲСУЛОТ
6.1.1 Барои он, ки маҳсулот накҳат, ранг, намӣ ва тару тоза-
гиро нигоҳ доранд, онҳо бояд дар бандубаст ёки зарфи пурра
пӯшидашуда нигоҳ дошта шаванд.
6.1.2 Маҳсулоти яхкунонидашавандаро ба қисмҳо тақсим
кардан ва ба халтаҳо ҷой кардан тавсия дода мешавад. Қабати
яхкунонидашаванда чанд қадаре ки тунук бошад, ҳамон қадар
яхкунонӣ шиддатнок, сифати маҳсулот баланд ва муҳлати
нигоҳдории он дароз мегардад. Борпеч бояд ба маҳсулот зич
часпида ва ба таври герметикӣ пӯшида бошад.
Тавсияҳо аз рӯи муҳлатҳои нигоҳдорӣ дар яхкунонанда нигоҳ
додани маҳсулотиҳои яхкунонидашуда (дар шароити хона) дар
ҷадвали 1 оварда шудаанд.
ДИҚҚАТ! Мӯҳлати нигоҳдории маҳсулотҳои яхкунони-
дашуда, ки дар бандубасти истеҳсолкунанда нишон дода
шудаанд, риоя кунед.
дастак дастак
дастак
Сурати 4
Информация для предварительного ознакомления. Официальной информацией изготовителя не является
Содержание
Похожие устройства
- Атлант М-7606-102 N Руководство по эксплуатации
- Атлант 8020-100 Руководство по эксплуатации
- Атлант 6024-080 Руководство по эксплуатации
- AC Electric ACE-HC3 Руководство по эксплуатации
- Tefal TW7783EA Руководство по эксплуатации
- Tefal TW3953EA Руководство по эксплуатации
- Tefal TW3931EA Руководство по эксплуатации
- Tefal TW6843EAо Руководство по эксплуатации
- Tefal GV9570 Руководство по эксплуатации
- Snaige RF 35SM-S1CB210 Руководство по эксплуатации
- Scarlett SC-JE50S49 Руководство по эксплуатации
- Polaris PVC 1518 Retro Руководство по эксплуатации
- Nordfrost NRB 151-332 Руководство по эксплуатации
- Nordfrost NRB 121-032 Руководство по эксплуатации
- Nordfrost NRB 154NF-332 Руководство по эксплуатации
- Nordfrost NRB 124-332 Руководство по эксплуатации
- Nivona NICR 930 Руководство по эксплуатации
- Miele DGC 7860 GRGR Руководство по эксплуатации
- Miele DGC 7860 BRWS Руководство по эксплуатации
- Miele DGM 7840 BRWS Руководство по эксплуатации