Атлант 7204-501 Руководство по эксплуатации онлайн [36/44] 780183

Атлант 7204-501 Руководство по эксплуатации онлайн [36/44] 780183
36
TGK
ДИҚҚАТ! Кубчаҳои яхро дарҳол бааъд аз шакл гирифтан
ба даҳон нагузоред ва ба маҳсулотҳои яхккунонидашуда бо
дастони нам барои пешгирии яхкунӣ нарасед.
6.2 Тавсия дода намешавад:
– ба яхкунонанда гузоштани маҳсулоти гарму ҷӯшон. Онҳо
бояд пешакӣ то ҳарорати хона сард карда шаванд;
– яхкунонидани такрории маҳсулоти аз ях фуровардашуда.
7 ХУСУСИЯТҲО ЯХКУНОНАНДА
ҲАНГОМИ КОР
7.1 Агар дари нав маҳкамшударо кушода нашавад бояд на
камтар 30 сония интизор шуд то фишори дохили ба фишори
берунӣ баробар шавад.
7.2 Кори яхкунонанда бо мағалҳо ҳамроҳӣ мегардаднд, ки та-
биати функсионалӣ доранд ва бо ягон намуди носозӣ алоқаманд
нестанд.
Барои нигоҳдории ҳарорат дар сатҳи додашуда дар яхку-
нонанда давра ба давра компрессор фаъол ва хомӯш мегардад.
Мағалҳои дар ин вақт пайдошаванда ба таври худкор пасттар
мешаванд, он гоҳе, ки дар яхкунонанда ҳарорати корӣ муқаррар
гардад.
Овози шилдирос гардиши хладагентро бо воситаи
қубурчаҳои низоми хунуккунандаро ҳамроҳӣ мекунанд, қарсҳои
эҳтимолӣ бо васеъшавиҳои ҳароратии маводҳо алоқаманд ме-
бошанд.
Ғурроси камтар бо кори вентилятор дар яхкунонанда бо
низоми No Frost алоқаманд аст.
7.3 Дар давоми истифодабарии яхкунонанда манбаъҳои
мағалҳои иловагӣ пайдо шуданашон мумкин аст.
Пурзӯршавии мағал аз сабаби нодуруст гузошта шудани
яхкунонанда, ҷамъкунандагони ба яхкунонанда ҷокардашуда
метавонад. Мағалро бо ба ҷои дигар гузоштани яхкунонанда,
ҷамъкунандагон паст кардан мумкин аст.
Унсурҳои яхкунонанда (конденсатор, қубурчаҳо, ноқилҳо)
ҳамчунин манбаъи мағал шуда метавонанд, агар баъд аз ка-
шонидан (ба ои дигар кӯчонидан ёки ҷобаҷогузории нодуруст
баъд аз тозакунӣ) онҳо ба якдигар расида бошанд. Бо танзими
ҷобаҷошавии унсунҳои яхкунонанда ёки онҳоро дуруст ҷобаҷо
намуда, мағали иловагӣ ҳангоми кори яхкунонандаро нест кар-
дан мумкин аст.
7.4 Ҷевони яхкунонанда аз рӯи периметри дар гарм меша-
вад, ки пайдошавии конденсатнро пешгирӣ мекунад. Ҳарорати
гармшавӣ аз ҳарорати муҳити атроф,
миқдори маҳсулоти дар яхкунонанда
нигоҳдошташаванда, ҳамчунин аз иф-
лосии конденсатор вобаста мебошад. Ба-
ландшавии ҳарорати гармшавӣ дар раф-
ти кори яхкунонанда носозӣ ҳисобида
намешавад.
ДИҚҚАТ! На камтар аз ду бор дар
як сол тозакунии девори оқиби яхку-
нонанда ва конденсатор мувофиқи
сурати 5 тавсия дода мешавад, бо
хомӯшкунии пешакии яхкунонанда
аз шабакаи барқ ва дур кардани он
аз девор. Пайдошавии чанг дар конденсатор ба зиёдшавии
хароҷоти қувваи барқ оварда мерасонад.
7.5 Дар сатҳҳои яхкунонанда дар раванди истеҳсол качии
камтар, ки бо хусусиятҳои маводи изолятсияи гармӣ вобастабуда
роҳ дода мешавад, ки онҳо ба кори яхкунонанда таъсир намеку-
нанд ва изолятсияи гармиро бад намекунанд.
8 ТАВСИЯҲО БАРОИ САРФАИ ҚУВВАИ БАРҚ
8.1 Истеъмоли қувваи барқ аз ҷониби яхкунонанда аз бисёр
шартҳо, ба монанда ҳарорати муҳити атроф, ҷои ҷобаҷогузорӣ
ва ғайра вобаста аст.
8.2 Яхкунонандаро дар бинои хушк, хуб ҳавододашаванда
дар фосилаи на камтар аз 50 см аз дастгоҳҳои гармидиҳанда ва
дигар манбаъҳои гармӣ ҷобаҷо гузоштан лозим аст. Фуромадани
нурҳои рости офтобӣ ба яхкунонанда пешгирӣ карда шавад.
Барои таъмини гардиши ҳаво дар болои яхкунонанда ва аз
ҷонибҳои паҳлӯии он фазои озод дар фосилаи на камтар аз 5 см
бояд бошад.
Барои таъмини фосилаи беҳтарин то девори бино бояд
такяҳои оқибӣ гузошта шаванд.
Шикофиҳои вентилятсионии дастгоҳро банд накунед.
8.3 Ҳангоми зарурият сабадҳоро аз яхдон гирифтан мумкин
аст, вале истифодабарии сабадҳо истеъмоли пурсамари қувваи
барқро таъмин мекунад.
Ба сстифодабарии яхкунонанда бо низоми No Frost бе сабади
поёнӣ роҳ дода намешавад.
8.4 Истеъмоли қувваи барқ аз ҷониби дастгоҳ аз ҳарорати
гузошташуда вобаста аст. Гузоштани ҳарорати пасттар аз дараҷаи
лозимӣ тавсия дода намешавад.
Ҳарорати гузошташуда чанд қадаре ки баландтар (гармтар)
бошад, ҳамон қадар истеъмоли қувваи барқ камтар мешавад,
вале мӯҳлати нигоҳдории маҳсулот паст мешавад.
8.5 Ба яхкунонанда гузоштани маҳсулот ва нӯшокиҳои гарм
мумкин нест. Онҳо бояд қаблан то ҳарорати хона барои пеш-
гирии баландшавии ҳарорат дар яхдон хунук карда шаванд, ки
ин ба зиёдшавии дарозии кори компрессор, ва мувофиқан, ба
зиёдшавии сарфи қувваи барқ оварда мерасонад.
Ҷобаҷогузории маҳсулоти ба тарзи зерин тавсия дода на-
мешавад:
наздиктар ба девори қафо, барои банд накардани каналҳои
низоми No Frost (ҳангоми мавҷудият);
наздиктар ба нишондиҳандаи ҳарорат (ҳангоми мавҷудият).
8.6 Маҳсулотҳо барои нигоҳдорӣ ёки яхкунониро бояд ба
таври герметикӣ бандубаст ва ба зарфҳои пӯшида ҷобаҷо гу-
зошта шавад.
8.7 Дарҳои яхкунонандаро ба вақти камтари кушодан тавсия
дода мешавад. Кушодани зуд-зуд ва дурударози дар ба баланд-
шавии ҳарорат дар яхкунонанда ва, мувофиқан, ба зиёдшавии
сарфи қувваи барқ оварда мерасонад.
8.8 Яхкунонандаи бе низоми No Frost бояд мунтазам аз ях
фуроварда шавад. Пайдошавии иней дар буғкунонанда ба паст-
шавии маҳсулнокии кори дастгоҳи хунуккунанда ва зиёдшавии
истеъмоли қувваи барқ меорад.
8.9 Тозакунии мунтазами конденсатор ва девори қафоии
яхкунонанда бо ёрии чангкашак тавсия дода мешавад. Пайдоша-
вии чанг дар конденсатор ба зиёдшавии хароҷоти қувваи барқ
оварда мерасонад.
9 ҚОИДАҲОИ НИГОҲДОРӢ ВА КАШОНИДАН
9.1 Яхкунонандаи бандубастшуда бояд дар шароити намии
нисбии на зиёда аз 80% дар биноҳои пӯшида бо вентилятсияи
табӣ нигоҳ дошта шаванд.
9.2 Агар яхкунонанда вақти дурудароз истифодба бурда на-
шавад, он бояд аз шабакаи барқ ҷудо карда шуда, аз он ҳамаи
маҳсулотҳо гирифта шавад, аз ях фуроварда шуда, тоза карда
шавад. Баъд аз тозакунӣ дар бояд каме кушода истад, ки дар
яхкунонанда бӯй пайдо нашавад.
9.3 Яхкунонанда бояд дар ҳолати корӣ (амудӣ) бо намуди
дилзоҳи нақлиёти пӯшида бо мустаҳкамкунии боваринок ка-
шонида шавад.
МАНЪ АСТ расонидани зарбаҳо ба яхкунонанда ҳангоми
корҳои боркунӣ-борфурорӣ.
конденсатор
Сурати 5
Ҷадвали 1 – Тавсияҳо аз рӯи мӯҳлатҳои нигоҳдории
маҳсулотҳои яхкунонидашуда (дар шароити хона)
Маҳсулот
Мӯҳлати
нигоҳдорӣ, моҳ
Моҳии тару тоза, маҳсулотҳои баҳрӣ То 3
Равғани маска, панир (дар вобастагӣ аз
намуд), пухтаниҳо
То 6
Гӯшти хом, парранда То 9
Сабзавот, меваҳо, буттамеваҳо То 12
Информация для предварительного ознакомления. Официальной информацией изготовителя не является
Скачать