Атлант ATLANT СМА70 У 109-00 [25/32] Rom tgk

Атлант ATLANT СМА70 У 109-00 [25/32] Rom tgk
25
ROM
TGK
Индикаторҳои амалиёти ҷомашӯӣ дар вақти кор кардани мо-
шин аз рӯи барномаи интихобшуда бо навбат равшан мешаванд.
Индикаторҳои вазифаҳои иловагӣ, аз ҷумла индикатори
ҳимоя аз бачагон
, ҳангоми интихоби тугмаи вазифаи иловагӣ
(нигоҳ кунед 1.1.2) равшан мешавад.
1.3 ФАЪОЛ/ХОМӮШ КАРДАНИ ИШОРАИ САДОӢ
1.3.1 Дар мошин ишораи садоӣ пешбинӣ шудааст. Ишораи
садоӣ ба оғоз ва анҷоми кори мошин ҳамроҳӣ мекунад, ҳамчунин
дар вақти додани вазифаҳои мувофиқ набуда пайдо мешавад,
яъне ҳангоми тасодифан пахш кардани тугмаҳо дар вақти кор
кардани мошин, ҳамчунин дар вақти носозии он.
Барои фаъол кардани ишораи садоӣ (ба ғайр аз ишораҳое, ки
дар бораи носозиҳо хабар медиҳанд) бояд дар як вақт тугмаҳои
ва -ро пахш кард. Дубора пахш кардани тугмаҳои ва
ишораи садоиро хомӯш мекунад.
1.4 ФАЪОЛ КАРДАНИ МОШИН ВА ИНТИХОБИ БАРНОМА
1.4.1 Барои фаъол кардани мошин мутобиқи расми 2 даста-
кро ба тақсимоти барномаи ҷомашӯӣ гузошт. Дар ҷои индикат-
сияи кори мошин инҳо равшан мешаванд: индикатори амалиёти
ҷомашӯии барномаи интихобшуда, индикатори нишондиҳандаи
ҳарорати ҷомашӯӣ ва суръати фишурдан.
Ҳангоми интихоби барнома мутобиқи ҷадвали 1
нишондиҳандаҳои асосии ҷомашӯӣ ба таври автоматикӣ пайдо
мешаванд (суръати фишурдан, ҳарорати ҷомашӯӣ ва ғайра), ки
аз тарафи истеҳсолкунанда гузошта шудааст.
1.4.2 Интихоби барнома танҳо то оғози ҷомашӯӣ ба амал ба-
роварда мешавад. Гузоштани дастак ба тақсимоти барномаи нав
дар вақти кор кардани мошин (бе хомӯш кардани мошин) бар-
номаи қаблан интихоб карда шударо барои тағйир додан им-
коният намедиҳад.
1.4.3 Пас аз интихоби барнома нишондиҳандаҳои ҷомашӯиро
тағйир додан ва интихоб кардани вазифаҳои иловагӣ мутобиқи
1.5 — 1.7 мумкин аст.
1.5 ИНТИХОБИ ҲАРОРАТ
1.5.1 Мувофиқи расми 3 тугмаи
-ро зер намуда, ҳарорати
ҷомашуии пешбинишудаи барномаро тағйир додан мумкин. Баъ-
ди зер кардани тугма индикаторҳои рақамдори нишондиҳандаи
ҳарорат бо навбат равшан мешаванд. Нишондиҳандаҳои инти-
хоби ҳарорати ҷомашӯӣ дар мошин 20
0
С, 30
0
С, 40
0
С, 60
0
С,
90
0
С аст.
1.6 ИНТИХОБИ СУРАТИ ФИШУРДАН
1.6.1 Тугмаи
-ро мутобиқи расми 3 пахш карда, суръати
фишурданро кам кардан мумкин аст, ки дар барномаи ҷомашӯӣ
пешбинӣ гардидааст. Ҳангоми пахш кардани тугма бо навбат
индикаторҳои нишондиҳандаҳои рақамӣ доштаи суръати фи-
шурдан аз ҳадди аксар (вобаста ба навъи мошин) то ҳадди ақал
(фишурдан фаъол аст), сипас такрор шуда, равшан мешаванд.
ДИҚҚАТ! Суръати фишурдан дар байни амалиётҳои
асосии ҷомашӯӣ ба тартиб оварда намешавад ва ба барно-
маи интихобшуда вобастагӣ дорад.
1.7 ИНТИХОБИ ВАЗИФАИ ИЛОВАГӢ
1.7.1 Барои интихоби вазифаи иловагӣ тугмаи ба он
мутобиқро бояд пахш кард мутобиқи расми 3 индикатор
равшан мегардад. Дар вақти дубора пахш кардан индикатори
равшанӣ хомӯш мегардад, вазифа қатъ мешавад.
Интихоби вазифаҳои иловагӣ танҳо то оғози ҷомашӯӣ ба
амал бароварда мешавад. Ҳангоми пахш кардани тугмаҳо дар
вақти кор кардани мошин се карра ишораи садоӣ шунида ме-
шавад – вазифаи иловагӣ фаъол намегардад.
ДИҚҚАТ! Агар вазифаи интихобшуда бо барномаи ин-
тихобшуда мутобиқ набошад, ишраи садоӣ баланд мешавад,
индикатор равшан намегардад ва вазифа фаъол намешавад.
1.8 ФАЪОЛ КАРДАНИ БАРНОМА ВА ОҒОЗИ ҶОМАШӮӢ
1.8.1 Барои ба кор даровардани мошин аз рӯи барномаи
интихобшудаи ҷомашӯӣ бояд тугмаи
пахш кард, ишо-
раи индикатори тугма равшан мешавад, ишораи садоӣ баланд
мегардад, таҷҳизоти блоконии дарича фаъол шуда ҷомашӯӣ сар
мешавад. Дар вақти ҷомашӯӣ ҳамчунин индикатори амалиёти
иҷрошавандаи ҷомашӯӣ, индикатори ҳарорат, суръати фишур-
дан ва вазифаҳои иловагӣ (агар онҳо интихоб шуда бошанд)
равшан мешаванд.
1.8.2 Оҳор кардани либоси таг баъд аз ҷомашӯӣ тав-
сия мешавад. Барои оҳор кардан мутобиқи дастуруламали
истеҳсолкунанда воситаи махсусро аз ҳисоби он, ки ба мошин
тақрибан 15 л об рехта мешавад, дар об маҳлул кард. Воситаи
моеъ будаи барои оҳор кардан истифода шавандаро ба лотоки
мошин мутобиқи дастуруламали оиди истифода бояд рехт
(қисми 6). Дастакро ба барномаи “Чайқондан” гузошта суръати
фишурданро интихоб кард, дар ҳолати зарурӣ тугмаи
-ро
пахш карда барномаро фаъол кард.
ДИҚҚАТ! Либоси таг барои оҳор кардан набояд бо кон-
дитсионер кор карда шавад.
1.9 ТАВАҚҚУФ ДАР КОРИ МОШИН
1.9.1 Дар ҳолати пайдо шудани зарурати қатъ кардани
ҷомашуӣ бе бекор кардани барнома бояд тугмаи
-ро дар
давоми 3 с зер карда истод— садои сигнали овозӣ мебарояд,
индикатори тугмаи
чашмак мезанад, ҷомашуӣ қатъ мегардад.
Барои давом додани ҷомашуӣ бояд тугмаи
-ро зер намуд.
Мошин иҷрои барномаро аз ҷои қатъ шудани амали ҷомашуӣ
давом медиҳад, муддати ба итмом расидани ҷомшуӣ тўл каши-
данаш мумкин.
Дар барномаҳои «Пашм», «Дастӣ» қатъ кардани кори мо-
шин номумкин аст.
ДИҚҚАТ! Дар ҳолати дар дохили мошин боқӣ монда-
ни об ё аз 60
0
С баланд будани ҳарорати он дарича кушо-
да намешавад.
1.10 ҚАТЪ КАРДАНИ БАРНОМА
1.10.1 Барои қатъ кардани барномаи иҷро шуда истода даста-
кро ба ишораи
гузошт-мошин хомӯш мешавад ва барномаи
иҷрошаванда қатъ мегардад. Дар ҳолати зарурӣ барои кушодани
дарича ва рехтани об барномаи “Рехтан”-ро интихоб ва фаъол
кардан лозим аст.
ДИҚҚАТ! Даричаро воз накунед, агар миқдори оби дар
барабан бударо ба таври босира аз оинаи дарича муайян
кардан мумкин бошад.
1.11 ХОМӮШ КАРДАНИ МОШИН
1.11.1 Пас аз ба охир расидани амалиёти ниҳоии ҷомашӯӣ
тақрибан баъд аз 2 дақиқа таҷҳизоти блоконии дарича хомӯш
мешавад, ишораи садоӣ баланд мегардад. Индикатори тугмаи
хомӯш шуда, индикаторҳои амалиёти ҷомашӯӣ равшан
мегарданд.
Агар мошин аз шабакаи электрик ҷудо нашуда бошад, дар
ин ҳолат ишораи садоӣ боз 5 маротиба дор фосилаи 1 дақиқа
шунида мешавад.
1.11.2 Баъд аз тамом шудани ҷомашӯӣ мошинро хомӯш
кардан лозим аст, барои ин дастакро ба ишораи
бояд гу-
зошт, сими душохаи тағзияро аз васлак берун кард ва крани
обдиҳандаро маҳкам кард. Даричаро кушода либоси тагро
берун кард.
2 БАРНОМАҲОИ ҶОМАШӮӢ
2.1 Дар мошин барномаҳои асосии зерини ҷомашўӣ
пешбинӣ шудааст (Пахта, Cинтетика, Пашмин) ва махсус (Дастӣ,
Джинсҳо, Зуд 15', Спорт, Бачагона, Чайқонидан, Рехтан, Фишур-
дан) мутобиқи ҷадвали 1 пешбинӣ шудааст.
ДИҚҚАТ! Ҳангоми интихоби барномаи «Пахта» бо 90
0
С,
«Синтетика» бо 60
0
С ёки «Бачагона» шустушӯи пешакӣ
ба таври худкор фаъол мегардад, ки барон он воситаи
шустушӯиро да шӯъбаи 1-и дӯл гузошта шавад.
Агар барои шустушӯи пешакӣ эҳтиёҷ набошад, воситаи
шустушӯиро ба дӯли 1 нагузоштан мумкин аст.
2.2 Барномаҳои махсус хусусиятҳои маҳсулоти шӯяндаро ба
ҳисоб мегиранд.
«Дастӣ» барои шустани маҳсулоти аз матоъҳои хеле тунук
Информация для предварительного ознакомления. Официальной информацией изготовителя не является Информация для предварительного ознакомления. Официальной информацией изготовителя не является

Содержание

Похожие устройства

Скачать