Атлант М-7606-080-N Grey [33/68] Яхкунонанда

Атлант М-7606-080-N Grey [33/68] Яхкунонанда
33
TGK
ДИҚҚАТ! Истеҳсолкунанда (фурӯшанда) барои
камбудиҳо ва шикасти маҳсулот (аз он ҷумла дар давраи
кафолатӣ), ки дар оқибати вайронкунии шартҳои исти-
фода ёки нигоҳлдории он, амали қувваи бартараф карда
нашаванда (сӯхтор, фалокати табиӣ ва монанди ин) таъ-
сири ҳайвоноти хонагӣ, ҳашаротҳо ва хояндаҳо ҷавобгӯй
намебошад.
2 ТАЛАБОТИ БЕХАТАРӢ
2.1 Яхкунонанда – дастгоҳи барқии рӯзгор мебошад, барои
ҳамин ҳангоми истифода аз бояд қоидаҳои умумии бехатарии
барқӣ риоя карда шаванд.
2.2 Дастгоҳ барои истифода аз ҷониби ашхоси қобилиятҳои
ҷисмонӣ, эҳсосӣ ёки зеҳниашон паст (аз он ҷумла кӯдакон) ёки
ҳангоми набудани таҷрибаи ҳаётӣ ёки дониш таъин нагарди-
дааст, агар онҳо дар зери назорат набошанд ёки барои истифо-
даи дастгоҳ аз ҷониби шахси барои бехатарии онҳо ҷавобгар
дастурдиҳӣ нашуда бошанд.
Кӯдакон бояд рухсат дода нашудани бозӣ бо дастгоҳ зери
назорат бошанд.
2.3 Аз рӯи ҳимоя аз зарар аз ҷараёни қувваи барқ яхкуно-
нанда ба синфи I ворид аст ва бояд ба манбаъи қувваи барқ бо
воситаи васлаки дуқутба бо васли ба замин пайвастшаванда
пайваст карда шавад.
Барои насби васлак бо васли ба замин пайвастшаванда ба
барқчии мутахассис бояд муроҷиат намуд. Васлак бояд дар ҷое,
ки барои ҷудокунии таъҷилии яхкунонанда аз шабакаи берунаи
барқӣ дастрас мебошад, ҷобаҷо карда шавад.
МАНЪ АСТ дар алоҳидагӣ гузаронидани ба замин пайвастӣ
аз таҷҳизоти газӣ, гармидиҳанда, обгузаронанда ёки ташнобӣ.
ДИҚҚАТ! Истеҳсолкунанда (фурӯшанда) барои зарари
расонидашуда ба саломатӣ ёки моликият ҷавобгӯй на-
мебошад, агар он аз сабаби риоя накардан ба талаботҳои
пайвасткунӣ ба амал омада бошад.
2.4 Қабл аз пайвасткунии яхкунонанда ба шабакаи барқӣ бояд
бо роҳи назарандозӣ набудани зарар дар ноқили қуввадиҳанда ва
вилка тафтиш карда шавад. Ҳангоми камбудӣ доштани ноқили
қувваи барқ ивазкунии онро барои пешгири хатар, бояд омода-
кунанда, хадамоти хизматрасонанда ёки корманди боихтисоси
монанд амалӣ намояд.
2.5 Яхкунонанда бояд аз шабакаи барқ ҷудо карда шавад,
бо роҳи берун кардани вилкаи ноқили қувваи барқ аз васлак,
ҳангоми:
– ба ҷои дигар кӯчонидани он;
– ҳангоми шустани фарши хона дар зери он;
– ҳангоми рафтан ба вақти дурудароз (зиёда аз 14 рӯз).
ДИҚҚАТ! Ҳангоми кори яхкунонанда компрессор гарм
мешавад ва ҳангоми расидан ба он сабаби сӯхта шуда ме-
тавонад.
2.6 Дар низоми хунуккунонии яхкунонанда хладагенти
изобутан (R600а) ҷойгир мебошад.
ДИҚҚАТ! Ба зараррасии тарзи низоми яхкунонанда роҳ
надиҳед.
ДИҚҚАТ! Дастгоҳҳи механикӣ ёки дигар воситаҳоро
барои тезонидани раванди азяхфурорӣ истифода набаред.
Истеҳсолкунанда ҶСП ”АТЛАНТ”
хиёбони Победители, 61, 220035, ш. Минск, Ҷумҳурии Белорус;
www.atlant.by
ЯХКУНОНАНДА
Дастурамали истифодабаранда!
Ҳангоми харидории яхкунонанда дурустии пуркунии корти кафолатӣ, мавҷудияти сиикаи ташкилоте, ки онро
фурӯхтааст ва санаи фурӯшро дар талонҳо тафтиш намоед.
Бо бодиққат омӯхтани дастурамали истифодабарӣ, Шумо метавонед аз яхкунонанда дуруст истифода бурда тавонед.
Дастурамали истифодабариро дар давоми тамоми муҳлати истифодабарии яхкунонанда нигоҳ доред.
Низоми идоракунии сифати коркард ва истеҳсоли молҳои ҶСП «Атлант» ба талаботҳои СТБ ISO 9001-2015 мувофиқат
дорад ва дар Феҳрасти Миллии низоми тасдиқкунии мувофиқати ҶБ таҳти №BY/112 05.01. 002 07183 ба қайд гирифта шудааст.
1 МАЪЛУМОТИ УМУМӢ
1.1 Дастури истифодабарӣ замимае дорад, ки дар он иттило-
от оиди идоракунии яхкунонанда ва хусусиятҳои истифодабарии
он нишон дода шудаст. Дастури истифодабарӣ барои тамғаҳои
гуногуни яхкунонандаҳо коркард шудааст.
Дар тамғаи яхкунонанда рақамҳои охирин (шартан «-ХХ»
ёки «-ХХХ») рақами истеҳсолро, ки дар корти кафолатӣ ва дар
лавҳачаи яхкунонанда, ки дар ҷониби чап дар дохили камера
ҷойгир аст, мефаҳмонанд. Истеҳсоли яхкунонанда аз рӯи маводи
рӯйпӯшӣ, синфи самаранокии истеъмоли қувваи барқ ва рангҳо
фарқ мекунад.
Дар нишона ва корти кафолати раками истехсолии яхку-
нонанда дарч гардидааст. Маълумот барои муайян намудани
ҳафта ва соли барориши маҳсулот дар корти кафолати пешниход
карда шудааст.
1.2 Яхкунонанда барои истифода дар шароитҳои хонагӣ ва
монанд таъин гаштааст, айнан:
– хонаҳо барои хӯрокхӯрии кормандони мағозаҳо, идораҳо
ва дигар хонаҳои хизматӣ;
дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ); дар меҳмонхонаҳо ва
дигар намудҳои макони зист барои истифодабарӣ аз ҷониби
меҳмонон;
дар меҳмонхонаҳое, ки ҳуҷраҳоро бо нонушта пешниҳод
мекунанд;
дар ҷойҳои таъомхӯрии умумӣ ва дигар ҷойҳои савдои
ночакана.
Истифодабарии яхкунонанда дар ҷойҳои хобгоҳӣ тавсия
дода намешавад. Бояд ба назар гирифт, ки кори яхкунонанда бо
мағалҳо ва овозҳои функсионалӣ ҳамроҳӣ мекунад.
ДИҚҚАТ! Биное, ки дар он яхкунонанда истифода бур-
да шавад, бояд ҳаҷмро аз назардошти на камтар 1 м
3
ба 8 г
хладагенти R600а дар маҳсулот дошта бошад. Вазни хлада-
гент дар лавҳаи яхкунонанда нишон дода шудааст. Низоми
вентилятсия дар бино бояд коршоям бошад.
1.3 Яхкунонанда бояд истифода бурда шавад:
ҳангоми ҳарорати муҳити атрофи дар замима нишондо-
дашуда;
– ҳангоми намнокии нисбии на зиёда аз 75 %;
дар диапазони шиддати номиналии 220-230 В дар шабакаи
барқии ҷараёни тағйиёбанда ҳангоми фарқити шиддат дар ± 10 %
аз номиналӣ ва суръати (50±1) Ҳертс.
Ҳангоми дигар шароитҳои истифодабарӣ характеристикаҳои
яхкунонанда метавонанд ба характеристикаҳои аз ҷониби истез-
солкунанда нишондодашуда мутобиқат накунанд.
1.4 Ба маҷмааи дастраскунӣ ворид мешаванд: маҳсулотҳои
маҷмуакунанда, дастурамали истифодабаранда бо замимааш,
феҳрасти ташкилотҳои хизматрасони ваколатдор, корти кафолат
ва ёрлиқи самаранокии энергетикии дастгоҳҳои яхкунонанда
(баъдан – ёрлиқ).
Дар корти кафолатӣ ишораҳои мутобиқати дастгоҳи яхкуно-
нанда ба регламенти техникӣ нишон дода шудаанд, дар ҷадвалҳо
варақаи техникӣ бо тавсифоти дастгоҳи яхкунонанда ва маълумот
дар бораи миқдори ҷузъҳо ҷойгир шудааст.
1.5 Истеҳсолкунанда, бо бетағйирот нигоҳ доштани
характеристикаҳои яхкунонанда, метавонад сохтори онро беҳтар
гардонад.
Информация для предварительного ознакомления. Официальной информацией изготовителя не является

Содержание

Похожие устройства

Скачать