Indesit ESP 18 [40/64] Истифодабарии қисми хунуккунонӣ

Indesit ESP 18 [40/64] Истифодабарии қисми хунуккунонӣ
Ҳарорат дар дохили қисми хунуккунонӣ мувофиқи
ҳолате, ки тариқи дастаки термотамзимгар гузошта шудааст,
ба таври худкор танзим карда мешавад.
Мо ба ҳолати миёна гузоштани термотанзимгарро
тавсия медиҳем.
Барои вусъат додани фазо, бо самара ҷобаҷо кардани
маҳсулоти ғизоӣ, беҳтар намудани намоёнӣ дар дохили
қисм, бухоркунак дар ақиби девори қафоии қисми
хунуккунонӣ ҷойгир карда шудааст. Дар вақти кори яхдон,
вобаста аз он, ки компрессор дар ин лахза кор мекунад ё не,
девораи пушт метавонанд бо қирав ё қатраҳои об фаро
гирифта метавонанд. Хавотир нашавед, ин мутлақо
муқаррарӣ аст.
Агар термотанзимгар ба ҳолати максималӣ гузошта,
яхдон бо маҳсулоти ғизоӣ пур ё ҳарорат дар манзил хело
баланд бошад, пас компрессор беист кор карда метавонад
ва дар натиҷаи ин дар болои девори қафоии бухоркунак
қабати қирав пайдо мегардад. Ин ба сарфи зиёдатии қувваи
барқ оварда мерасонад. Барои пешгирии чунин ҳолат
дастаки термотанзимгарро ҳамту ба дараҷаи пасттар
гузаронед, то ки яхи қисми хунуккунонда ба таври худкор об
шавад.
Ҳаво дар қисми хунуккунонӣ чунин давр мезанад, ки
ҳарорати нисбатан
паст дар тарафи поён ҷойгир
мешавад.
Бо мақсади таъмини шароити беҳтарини нигоҳдории
маҳсулот, тавсияҳои дар поён баёнгардидаро риоякунед:
дар сурати нигоҳдории нодуруст ҳатто маҳсулоти тару
тозатарин зуд вайрон мешавад. Бар хилофи ақидаи
маъмул дар хотир доред, ки хӯроки пухташударо назар
ба маҳсулоти тару тоза вақти камтар нигоҳ доштан
мумкин аст.
Қисми хунуккунонӣ бо рафҳои қулай таҷҳизотонида
шудааст, ки баландии онҳо тариқи ҳодиҳои махсус
танзим карда мешавад, ин барои ҷойгир кардани
бастаҳои калон ва зарфҳои баланд имконият медиҳад.
Баҳри пешгирии афзоиши намнокӣ ба яхдон
моеъро дар зарфҳои бе сарпӯш намонед ин боиси
баландшавии ҳарорат дар қисми хунуккунонӣ мегардад.
Дар яхдон нигоҳ доштани пиёз, пиёзи даштӣ ва сирпиёз, банан (сиёҳ шуда метавонад), ситрусиҳо, картошка ва бехмева
(дар ҷои торик, хушк нигоҳ доред) номатлуб аст.
Маҳсулот Ҷойгиршавӣ дар яхдон
Моҳӣ ва гӯшти тоза
Дар раф дар болои қуттиҳои сабзавот
Панири нав
Дар раф дар болои қуттиҳои сабзавот
Маҳсулоти тайёр
Дар ҳар кадом раф
Ҳасибҳо, нон, шоколад
Дар ҳар кадом раф
Мева ва сабзавот
Дар қуттиҳо барои сабзавот
Тухмҳо
Дар рафҳои дар
Равған ва маргарин
Дар рафҳои дар
Маҳсулот дар шишаҳо, нӯшокиҳо, шир
Дар рафҳои дар
Истифодабарии қисми хунуккунонӣ
40
TJ

Содержание

Похожие устройства

Скачать