Philips FC6726/01 [26/42] Тоҷикӣ

Philips FC6726/01 [26/42] Тоҷикӣ
Тоҷикӣ
26
Тоҷикӣ
Табрик барои харид ва хуш омадед ба Philips! Барои гирифтани ҳамаи фоидаҳо аз дастгирие, ки Philips пешниҳод мекунад, маҳсули худро
дар www.philips.com/MyVacuumCleaner ба қайд гиред.
Маълумоти муҳими бехатарӣ
Пеш аз истифода бурдани таҷҳизот ва лавозимоти он, ин маълумоти муҳимро мутолиа кунед ва барои муроҷиати оянда нигоҳ доред.
Лавозимоти таъминшаванда барои маҳсулоти гуногун фарқ мекунад.
Хатар
- Ҳеҷ гоҳ об ё ягон моеъи дигарро бо чангкашак накашед. Ҳеҷ гоҳ об ё ягон моеъи дигарро бо чангкашак накашед, аз он ҷумла хокистар,
то вақте ки он хунук нашавад.
- Ҳеҷ гоҳ таҷҳизот ё адаптерро ба об ё ягон моеъи дигар намонед, аз он ҷумла онро нашӯед.
Огоҳӣ
- Пеш аз пайваст кардани таҷҳизот санҷед, ки агар волтажи муайяншуда дар адаптер ба волтажи маҳаллии асосӣ мутобиқ бошад.
- Пеш аз истифодаи таҷҳизот онро ҳамеша санҷед. Таҷҳизот ё адаптерро истифода набаред, агар он вайроншуда бошад. Ҳамеша қисми
вайроншударо бо қисми аслӣ (оригинал) иваз намоед.
- Адаптер дорои трансформатор мебошад. Адаптерро барои иваз кардани он бо ягон васлгари дигар ҷудо накунед, зеро ки ин
метавонад ҳолати хатарнокро ба вуҷуд орад.
- Ин таҷҳизот метавонад бо кӯдакони 8-сола ё калонтар истифода шавад ва бо одамон бо қобилияти ҷисмонӣ, ҳассосӣ ё мантиқии
маҳдудшуда, ё бе таҷриба ё донистани таҷҳизот истифода шавад, агар чунин одамон дар зери назорат мебошанд ё дар бораи
истифодаи таҷҳизот ба таври бехатар дастуреро гирифтанд ва хатарҳои имконпазирро мефаҳманд. Кӯдакон бояд бо таҷҳизот бозӣ
накунанд. Тозакунӣ ё нигоҳдории корбарӣ бояд бе назорати калонсолон бо кӯдакон иҷро нашавад.
- Ҳамеша диски барқдиҳии магнитиро аз кӯдакони хурдсол дур нигоҳ доред.
- Пеш аз тозакунӣ ё нигоҳдории таҷҳизот, онро аз бастагоҳ (розетка) ҷудо намоед.
- Адаптерро аз таҷҳизот ҷудо кунед, агар онро ба муддати дароз истифода набаред.
- Ҳангоми нигаҳдории таҷҳизот ба муддати зиёда аз як моҳ (бе истифода ё барқдиҳӣ), мутмаин шавед, ки батарея ақаллан дорои 50%
заряд мебошад. Нигаҳдории таҷҳизот бо батареяи холӣ метавонад батареяро бе қобили барқарорсозӣ вайрон кунад.
- Инчунин мутмаин шавед, ки адаптер хомӯш карда шудааст, вақте ки таҷҳизот пайваст аст.
- Барои намудҳои FC6726, FC6723, FC6722: Имкон надиҳед, ки чӯткаи мутаҳаррик болои сими барқи таҷҳизот ё ягон сими дигар ҳаракат
кунад, зеро ки ин метавонад ҳолати хатарнокро ба вуҷуд орад.
- Барои намудҳои FC6726, FC6723, FC6722: Либоси озод, мӯйи сар ва қисмҳои баданро аз лифҳои мутаҳаррикӣ дур нигоҳ доред.
- Ҳангоми кори таҷҳизот шикофҳои ҳавобарориро маҳкам накунед ё напӯшонед.
- Чангкашак танҳо барои истифода дар дохили хона пешбинӣ карда шудааст. Чангкашакро барои тоза кардани партовҳои сохтмонӣ,
чанги семент, хокистар, реги хурд, оҳак ва моддаҳои монанд истифода набаред. Ҳеҷ гоҳ чангкашакро бе ягон филтр истифода набаред.
Ин метавонад муҳаррикро вайрон кунад ё муҳлати кори чангкашакро кутоҳ намояд. Ҳамаи қисмҳои чангкашакро аз рӯи дастури
корбарӣ тоза намоед. Ягон қисмро бо об ё омилҳои тозакунӣ тоза накунед, агар ин маврид дар дастури корбарӣ махсусан нишон дода
нашудааст.
- Таҷҳизотро танҳо бо адаптери таъминшуда барқдиҳӣ кунед. Танҳо аз адаптери 25V ZD12D250050EU ё адаптери 29V ZD12D290050EU
истифода баред. Рақами адаптери мувофиқ метавонад дар адаптер дида шавад.
- Маҳсулро дар ҳарорати байни 5°C ва 40°C истифода баред ва нигаҳ доред.
- Маҳсул ё батареяро накушоед, тағйир надиҳед, сӯрох ё вайрон накунед, қисмҳои онро ҷудо накунед, то ки батареяҳо гарм нашаванд ё
моддаҳои заҳрнок ё хатарнок аз онҳо набароянд. Батареяҳоро бо барқ аз ҳад зиёд ё баръакс заряд надиҳед ё расиши кутоҳ накунед.
- Маҳсул ё батареяҳоро аз оташ дур нигоҳ доред ва онҳоро ба шуоъи мустақими офтоб ё ҳароратҳои баланд нагузоред.
- Агар маҳсул ғайриоддӣ гарм ё бадбӯй шуда бошад, ё рангро иваз кунад ё зарядро ба муддати хеле дароз гирад, истифода ва
зарядкунии онро қатъ намуда, бо Philips дар тамос шавед.
- Маҳсулот ва батареяҳои онро ба танӯрҳои кутоҳмавҷ ё тахтасанги электрикӣ нагузоред.
- Вақте ки батареяҳо вайронанд ё мечаканд, онҳоро аз пӯст ё чашмҳо дур нигоҳ доред. Агар ба чашм ё пӯст расад, бо об шӯед ва ба табиб
муроҷиат намоед.
- Ин маҳсул дорои батареяи зарядшаванда мебошад. Батарея метавонад танҳо бо мутахассиси хизматрасонии расмӣ иваз карда шавад.
- Вақте ки шумо таҷҳизотро дигар заряд карда наметавонед ё вақте ки заряд тез тамом мешавад, таҷҳизотро ба маркази хизматрасонии
Philips баред.
- Барои пешгирӣ кадани вайроншавӣ, таҷҳизотро истифода набаред, агар филтр дар дарбаргирандаи чанг ворид нашуда бошад.
Диққат!
- Ҳангоми зарядгирӣ адаптер хеле гарм мешавад. Ин оддӣ аст.
- Таҷҳизотро бо дасти тар васл ё ҷудо накунед ё истифода набаред.
- Адаптерро аз розетка бо кашидани сим ҷудо накунед (Расм 1). Вақте ки шумо дастгоҳи барқдиҳиро истифода намебаред, ҳамеша
таҷҳизотро бо ҷудо кардани диски барқдиҳии магнитӣ аз таги таҷҳизот хомӯш кунед (Расм 2).
- Ҳамеша пас аз истифода ва пеш аз зарядкунӣ таҷҳизотро хомӯш кунед.
- Ҳеҷ гоҳ шикофҳои ҳавобарориро ҳангоми чангкашӣ маҳкам накунед.
- Дарбаргирандаи чанг ва сарпӯши дарбаргирандаи чангро дар мошини зарфшӯӣ тоза накунед. Онҳо барои шустан дар мошини
зарфшӯӣ пешбинӣ нашудаанд.
- Агар хоҳед, ки таҷҳизот дар дараҷаи олӣ кор кунад, мутмаин шавед, ки шумо филтрро ақаллан як бор дар ду ҳафта бо даст мешӯед. Бо
фишори об тоза кунед, то вақте ки об тоза нашавад. Бигузор, ки пеш аз истифода, филтр ба муддати 24 соат хушк шавад.
- Филтрро бо сачоқҳои суфтакунӣ ё маводҳои тозакунии пурзӯр тоза накунед.
- Ҳамеша чангкашакро бо филтри васлшуда истифода набаред.
- Агар шумо филтрро бо об шӯед, мутмаин шавед, ки он пеш аз гузоштан ба қуттии чангҷамъкунӣ комилан хушк карда шуд. Филтрро дар
шуоъи мустақими офтоб, радиатор ё хушккунаки либос хушк накунед.
- Филтрро иваз намоед, агар онро дигар ба таври зарурӣ тоза карда натавонед ё агар он вайрон шуда бошад ('Фармоиши лавозимот'-ро
бинед).
- Мутмаин шавед, ки таҷҳизот дорои дастгоҳи барқдиҳии васлшуда мебошад ва ба розетка мувофиқи дастури корбарӣ пайваст карда
шудааст.
- Боэҳтиёт бошед, вақте ки шумо барои васл кардани дастгоҳи барқдиҳӣ дар девор сурох мекунед, зеро ки ин метавонад зарбаи
электрикиро ба вуҷуд орад.
Майдонҳои электромагнитӣ (EMF)
Ин таҷҳизоти Philips ба ҳамаи стандартҳо ва санадҳои меъёрии марбут ба нуфузи майдонҳои электромагнитӣ мутобиқат мекунад.
Фармоиши лавозимот
Барои харидани лаозимот ё қисмҳои эҳтиётӣ, ба сомонаи www.philips.com/parts-and-accessories гузаред ё ба фурӯшандаи расмии Philips-
и худ муроҷиат намоед. Шумо инчунин метавонед бо Маркази дастгирии муштариёни Philips дар кишвари худ дар тамос шавед (барои
маълумоти тамосгирӣ ба варақчаи кафолати байналмилалӣ нигаред).

Содержание

Похожие устройства

Скачать