Philips FC6726/01 [27/42] Тоҷикӣ

Philips FC6726/01 [27/42] Тоҷикӣ
27
Тоҷикӣ
Кафолат ва дастгирӣ
Агар ба шумо маълумот ё дастгирӣ лозим бошад, лутфан, ба www.philips.com/support гузаред ё варақчаи кафолати байналмилалиро
мутолиа намоед.
Истифодаи партовҳо
- Ин рамз маънои онро дорад, ки маҳсулоти электрикӣ ва батареяҳо бояд дар якҷоягӣ бо партовҳои оддии хонагӣ ҷойгир карда
нашаванд (Расм 3).
- Қоидаҳои кишвари худро барои ҷудо ҷамъ кардани маҳсулоти электрикӣ ва батареяҳо риоя намоед.
Ҷудокунии батареяҳои зарядшавандаи дарунсохт
Ҳангоми партофтани таҷҳизот, батареяи зарядшавандаи дарунсохт бояд танҳо бо мутахассис ҷудо карда шавад. Пеш аз ҷудо кардани
батарея, мутмаин шавед, ки таҷҳизот аз розетка хомӯш карда шудааст ва батарея комилан холӣ мебошад.
Ҳангоми истифодаи абзорҳо барои кушодани таҷҳизот ва баровардани батареяи зарядшаванда ҳамаи чораҳои
зарурии бехатариро риоя намоед.
Вақте ки шумо бо батареяҳо кор мекунед, мутмаин шавед, ки дасти шумо, маҳсул ва батареяҳо хушк мебошанд.
Барои пешгирӣ кардани расиши кӯтоҳи батареяҳо пас аз баровардани онҳо аз таҷҳизот, нуқтаҳои васли батарея бояд
бо объектҳои металлӣ пайваст карда нашаванд (масалан, тангаҳо, сархораҳо, ангуштаринҳо). Батареяҳоро ба
варақаи алюминий напечонед. Нуқтаҳои васли батареяҳоро бо скотч маҳкам кунед ва онҳоро пеш аз партофтан ба
халтаи пластикӣ бимонед.
1 Таҷҳизотро аз розетка ҷудо кунед ва то истодани кори муҳаррик, онро фаъол монед.
2 Қуттии чангҷамъкуниро аз таҷҳизот бароред.
3 Сарпӯши дисплейро аз болои дастак кашида, гиред (Расм 4).
4 Мурватчаи сарпӯши дастакро тоб дода кушоед ва сарпӯши дастакро аз таҷҳизот кашида, гиред (Расм 5).
5 Мурватчаи сарпӯши поёнро (1) тоб дода кушоед ва пас лавҳаҳои ҷонибиро (Расм 6) ҷудо намоед.
6 Мурватчаҳои сарпӯши поёнро аз тарафи чап ва рост (1) кушода, ҷудо намоед. Пас сарпӯши поёнро (2) (Расм 7) ҷудо намоед.
7 Васлгари батарея ва васлгари дисплейро аз лавҳаи микросхема ҷудо кунед (Расм 8).
8 Мурватчаҳои чорчӯбаи батареяро тоб дода кушоед (Расм 9).
9 Батареяро аз таҷҳизот ҷудо кунед ва онро мувофиқи қоидаҳо партоед (Расм 10).
Ҷустуҷӯ ва ислоҳи нуқсонҳо
Ин банд дорои ҷамъбасти мушкилоти умумие мебошад, ки метавонанд бо таҷҳизоти шумо ба вуҷуд оранд. Агар шумо натавонед, ки
мушкилотро аз рӯи маълумоти зерин ҳал кунед, ба сомонаи www.philips.com/support барои гирифтани ҷавобҳо ба саволҳои роиҷ гузаред
ё бо Маркази дастгирии муштариёни Philips дар кишвари худ дар тамос шавед.
Носозӣ Сабаби эҳтимолӣ Ҳалли мушкилот
Вақте ки ман тугмаро зер мекунам,
таҷҳизот кор намекунад.
Вақте ки батарея холӣ аст, тугмаи поёни
дисплей бо ранги сурх дурахш мекунад.
Барои заряд кардани батарея, таҷҳизотро ба дастгоҳи
барқдиҳӣ пайваст кунед ё диски барқдиҳии магнитии
дастгоҳи барқдиҳиро рост ба чангкашаки дастӣ васл
кунед.
Барои фаъол кардани таҷҳизот шумо
бояд василаи лағжандаро ба пеш пахш
намоед.
Барои фаъол кардан василаи лағжандаро то танзими 1
ба пеш пахш намоед. Барои тоза кардани порчаҳои
хеле чиркин, бо пахшкунии василаи лағжанда то
танзими 2 қувваи ҷаббишро зиёд кунед.
Таҷҳизот нисбат ба ҷаббиши оддӣ
қувваи ҷаббиши пасттар дорад.
Филтрҳо ва бӯрон чиркинанд. Филтр ва бӯронро тоза кунед. Агар шумо таҷҳизотро ба
таври мунтазам истифода баред, мутмаин шавед, ки
филтри исфанҷиро ақаллан як бор дар ду ҳафта тоза
намоед.
Шумо сарпӯши дарбаргирандаи чангро
ба дарбаргирандаи чанг ба таври дуруст
васл накардед. Шумо дарбаргирандаи
чангро ба таҷҳизот ба таври дуруст васл
накардед. Дар ҳар ду ҳолат қувваи
ҷаббиш гум мешавад.
Мутмаин шавед, ки шумо сарпӯши дарбаргирандаи
чангро ба дарбаргирандаи чанг ба таври дуруст васл
кардед ва дарбаргирандаи чангро ба таҷҳизот ба таври
дуруст васл кардед.
Эҳтимол ягон объект дохили қубур баста
шуд.
Қубурро ҷудо карда, монеаро тоза намоед.
Чанг аз таҷҳизот мебарояд. Филтр чиркин аст. Филтрро тоза намоед.
Филтр дар таҷҳизот вуҷуд надорад. Мутмаин шавед, ки филтр дар таҷҳизот аст ва ба таври
дуруст васл карда шудааст.
Чизе бӯронро маҳкам мекунад. Бӯронро барои будани дар он чизҳои ҷамъшуда санҷед
ва ҳамаи чизҳоеро, ки бӯронро маҳкам мекунанд тоза
намоед.
Агар чанг аз қуттии чангҷамъкунанда
берун барояд, эҳтимол сарпӯши қуттии
чангҷамъкунанда ба қуттии
чангҷамъкунанда дуруст васл карда
нашудааст.
Дарбаргирандаи чангро холӣ кунед ва сарпӯши
дарбаргирандаи чангро ба таври дуруст васл намоед.

Содержание

Похожие устройства

Скачать