Indesit ETP 18 [33/48] Blank page

Indesit ETP 18 [33/48] Blank page
Бехатарӣ - одати хуб аст
! Дастуруламали мазкурро ҳифз кунед. Дар сурати
фурӯхтану супоридани таҷҳизот ё ҳангоми ба манзили нав
кӯчидан дастурамал бояд бо яхдон ҳамроҳ бошад, то ки
соҳиби нав бо қоидаҳои кор ва хизматрасонии он шинос шуда
тавонад.
! Дастуруламалро бо диққат хонед: дар он маълумоти муҳим
оиди насбкунӣ ва истифодаи бехатари яхдон шумо мавҷуд
аст.
Яхдон барои истифода дар дохили манзилҳо таҳия
карда шудааст. Дар ҳеҷ сурат яхдон дар берун, дар гараж ва
ҳ.т. истифода набаред.
Ин асбоб барои яхкунонӣ ва нигоҳдории маҳсулоти
яхкунонидашуда дар қисми яхкунонӣ ва нигоҳдории
маҳсулоти тару тоза дар қисмати хунуккунонӣ пешбинӣ
шудааст.
Асбоб барои истифода аз ҷониби шахсони дорои
қобилияти пасти ҳассосӣ ё зеҳнӣ ё ҷисмонӣ (аз ҷумла
кӯдакон), ки таҷрибаи ҳаётӣ ё дониш надоранд, пешбинӣ
нашудааст, ба шарте агар онҳо таҳти назорат қарор дошта
бошанд ё аз шахсе барои бехатарии онҳо масъул дастур
нагирифта бошанд. Барои пешгирии бозӣ бо асбоб, кӯдакон
бояд таҳти назорат қарор дошта бошанд.
Барои пешгирии осебгирӣ аз ҷараёни барқӣ дар сурати
носозии асбоб бо дастони тар ба яхдон нарасед.
Аз симҳои дарози барқӣ ва адаптерҳо истифода
набаред! Ин хавфи эҳтимолии оташгириро ба миён
меоварад. Истеҳсолкунанда барои оташгирие, ки бар асари
истифодаи адаптерҳо ва симҳои дарози барқӣ, ҳамчунин,
ноқили пайвасткунандаи дорои буриши номувофиқ ба
қувваи истеъмолшаванда ба вуҷуд омадааст, ҷавобгӯ нест.
Васторро аз нивастор ба воситаи сим накашед: ин амал
хеле хатарнок аст. Дар сурати харобшавии сими
барқтаъминкунӣ, онро ба сими махсус ё ба комплекте, ки аз
истеҳсолкунанда ё намояндаи он дастрас гардидааст,
иваз кардан лозим аст. Ивазкунии ноқил бояд танҳо аз
ҷониби кормандони боихтисос анҷом дода шавад.
Ба сатҳи дохилии хунуккунонии яхдон даст
нарасонед, махсусан, ҳангоми тар будани дастонатон. Ба
даҳон лӯндаҳои ҳамин ҳозир аз қисми яхкунонӣ баровардаи
яхро нагузоред, - зеро он метавонад ба сармозании узви
мазкур оварда расонад.
Пеш аз ҳар амали шустушӯ ё хизматрасонӣ яхдонро аз
қувваи барқӣ ҷудо кунед.
Агар яхдон барои иваз кардани асбоби кӯҳнае, ки
қулфи дарро дорад, пешбинӣ шуда бошад, қабл аз
партофтани яхдони кӯҳна, бо мақсади эмин нигоҳ доштани
кӯдакон аз хатари басташавӣ дар даруни яхдон ҳангоми бозӣ,
қулфи мазкурро шикаста корношоям гардонед ё канда
гиред.
Дар сурати ба миён омадани ҳолати ғайристандартӣ
яхдонро аз шабакаи барқӣ ҷудо намуда, ба маркази
хизматрасоние, ки рақами телефони он дар ҳуҷҷати
кафолатӣ (сертификати хизматрасонӣ) чоп шудааст, занг
занед.
Тағйир додани сохти яхдон ва дахолати шахсоне, ки аз
ҷониби истеҳсолкунанда барои таъмири кафолатӣ
ваколатдор карда нашудаанд, манъ аст.
Бензин ё дигар моеъ ва гази даргирандаро дар назди
яхдон ё дигар асбоби барқии маишӣ нигоҳ надоред ва
истифода набаред.
ДИҚҚАТ! Зимни насби асбоб аз он боварӣ ҳосил намоед,
ки сими барқӣ фишурда ва хароб нашудааст.
ДИҚҚАТ! Нивасторҳои бисёрҷояи кӯчондашаванда (сими
дарози барқӣ) ё манбаъҳои қувваи барқро дар қафои асбоб
ҷойгир накунед.
ДИҚҚАТ! Расидани девораи қафои (панҷараи
конденсатор) яхдон ба рӯдаи чандири филизие, ки
барои пайвасткунии плитаи газ истифода мешавад,
ҳамчунин ба қубурҳои филизии таъминкунии газ ва об, сими
дигар асбобҳои барқӣ манъ аст.
Ашёҳои тарканда, хусусан баллонҳои аэрозолиро бо
моддаҳои даргиранда дар дохили асбоб ҷамъ накунед.
Хатари ҷароҳатбардорӣ аз сабаби вазни зиёдатӣ. Барои
таҳвилдиҳӣ ба ҷои дигар ё насб кардани маҳсулотатон,
аз ду ё зиёда нафар истифода баред. Саркашӣ аз риояи
дастуруламалҳои мазкур боиси осебгириии сутунмӯҳраи
Шумо ё ҷароҳат шуда метавонад.
Аз дастпӯшакҳои муҳофизаткунанда истифода баред.
Дар сурати хомӯшкунии дарозмуддати қувваи барқ,
маводи ғизоӣ вайрон шуда метавонад.
Ҳангоми гузаронидани амалиётҳо бо асбоби яхдон
(тозакунӣ, насбкунӣ ва ҳ.), ҷиҳати пешгирии
ҷароҳатбардории кӯдакон, онҳоро зери назорат нигоҳ доред.
Асбоб дар манзиле бояд насб карда шавад, ки дар он
ҳарорати муҳити атроф ба дараҷаи иқлимии нишондодаи
лавҳачаи маълумоти техникӣ мувофиқат кунад:
Синфи
иқлим
Ҳарорати муҳити атроф
SN аз +10°C то + 32°C
N аз +16°C то + 32°C
ST аз +16°C то + 38°C
T аз +16°C то + 43°C
Асбоб дорои хлорфторкарбонҳо нест (CFC). Дар
контури яхдон истифода R600a (HC) бурда мешавад.
Барои асбобҳои дорои изобутан (R600a): изобутан як
гази табиӣ аст, ки ба муҳити зист зараровар нест, вале
зуд оташгиранда аст. Аз ин рӯ, бояд аз осеб дидани
қубурҳои схемаи яхдон пешгирӣ карда шавад. Агар
қубурҳо вайрон шуда бошанд, барои аз контури яхдон
дур кардани сардкунии яхдон чораҳо бинед.
C-пентан, ки гази сӯзишворӣ аст, дар изолятсияи кафк
ҳамчун воситаи пуфкунӣ истифода мешавад.
Ҳеҷ гоҳ яхдонро бо аломатҳои вайронӣ ба кор надароред;
агар шумо ба коршоямии маснуот шубҳа дошта бошед,
ба маркази хизматрасонии авторизатсияшуда муроҷиат
намоед.
ДИҚҚАТ! Дар дохили яхдон асбобҳои барқиро
истифода набаред.
ДИҚҚАТ! Пеши сӯрохиҳои ҳавокашии дар танаи
дастгоҳ воқеъбуда ё дар конструксияи васлшаванда
нагиред!
ДИҚҚАТ! Ба харобшавии контури моддаи
хунуккунанда роҳ надиҳед.
ДИҚҚАТ! Барои тезондани ҷараёни обшавии ях аз
асбобҳои механикӣ ё дигар таҷҳизотҳо, ба истиснои
тавсиядодаи истеҳсолкунанда истифода набаред.
Дар сурати харобшавии қабати зичкунанда, ҷиҳати бетаъхир
иваз кардани он чораандешӣ намоед.
Масолеҳи бандубаст бояд такроран коркард шавад ва бо
аломати зерин тамғагузорӣ карда мешавад
Такроран ба кор андохтани асбобро (масалан, дар сурати
хомӯшкунии тасодуфӣ) баъди 5-10 дақиқа анҷом диҳед.
33
TJ

Содержание

Похожие устройства

Скачать