Indesit ETP 18 [38/48] Blank page

Indesit ETP 18 [38/48] Blank page
Тавсияҳо оид ба сарфаи қувваи барқ
Носозиҳо ва усулҳои бартарафкунии онҳо
Яхдонро дуруст насб кунед
Дур аз сарчашмаҳои гармӣ, дар манзили хуб
ҳавододашуда, мутобиқи тавсияҳои сархати «Насбкунӣ»
(«Ҳавотозакунӣ»).
Ҳароратро дуруст насб кунед.
Термотанзимгарро ба ҳолати миёна насб кунед.
Гузоштани ҳарорати аз ҳад зиёд паст танҳо боиси
афзоиши сарфи қувваи барқ мегардад, аммо
нигоҳдошташавии маҳсулотро беҳтар намекунад.
Ҳарорати аз ҳад зиёд паст ба нигоҳдошташавии
сабзавот, гӯшти тайёр ва панир зарар расонида
метавонад.
Аз ҳад зиёд пур накунед
Барои нигоҳ дошта шудани маҳсулот гардиши кофии
ҳаво муҳим аст. Аз ҳад зиёд пуркунии зарф бо маҳсулот
ба гардиши озоди ҳаво, кори дурусти яхдон монеъ шуда,
боиси сарфи бариловаи қувваи барқ мегардад.
Дарҳоро пӯшида нигоҳ доред
Дарҳоро танҳо ҳангоми зарурат кушоед, аз хотир
набароред, ки ҳар як кушодани дар ҳарорати дохили
яхдонро чанде баланд мебардорад ва барои барқарор
кардани ҳарорати пештара қувваи барқ сарф мешавад.
Зич пӯшед
Назорат баред, ки резинаи зичкунандаи дарҳои яхдон
тоза бошад ва ҳангоми пӯшидани дар ба тана ҷафс
часпад, ин ихроҷи ҳавои хунукро пешгирӣ мекунад.
Хӯроки гармро ҷойгир накунед
Маҳсулоти гарми ба яхдон гузошташуда, ҳароратро
якбора чанд дараҷа баланд мекунанд. Қабл аз ба яхдон
гузоштани маҳсулот, он то ҳарорати хона бояд хунук
карда шавад.
Асбоби мазкур барои истифода дар шароити маишӣ ва
ба он монанд пешбинӣ карда шудааст:
дар қитъаҳои ошпазхона барои аҳли корӣ дар
мағозаҳо, идораҳо
ва дигар шароити истеҳсолӣ;
дар иншоотҳои деҳқонӣ ва аз ҷониби мизоҷон дар
меҳмонхонаҳо, мотелҳо ва дигар инфрасохтори шакли
истиқоматӣ;
дар шароити низоми таъминоти пурра «истиқомат
ҷамъи наҳорӣ»;
дар хӯрокаи умумӣ ва шароити монанде, ки бо савдо
марбут нестанд.
Дар сурати кори ғайриқаноатбахши яхдон ё ба миён
омадани носозиҳо, пеш аз даъват кардани техникҳо
фасли мазкурро бихонед. Дар аксари ҳолатҳо шумо
мушкилиҳои бамиёномадаро мустақилона бартараф
карда метавонед.
Яхдон кор намекунад
Тафтиш кунед, ки:
дар хона қувваи барқ қатъ нашуда бошад;
вилка ба розетка дуруст гузошта шудааст;
розетка коршоям аст; барои тафтиш таҷҳизотеро
пайваст кунед, ки шумо ба коршоямии он боваранд
ҳастед.
Ҳарорат дар қисмҳои яхдон аз ҳад зиёд баланд
аст
Тафтиш кунед, ки:
дарчаҳои қисмҳо зич пӯшида, зичкунандаҳои дарчаҳо
хароб нашуда бошанд;
дастаки термотанзимгар дар ҳолати дуруст қарор
дорад;
қисмҳо бо маҳсулот зиёд пур нашуда бошанд;
дари қисмро зуд-зуд накушода бошанд.
Маҳсулот дар қисми хунуккунонӣ аз ҳад зиёд
сард мешаванд
Тафтиш кунед, ки:
дастаки термотанзимгар дар ҳолати дуруст қарор
дорад;
маҳсулот ба қисми қафоии яхдон намерасанд он
хеле хунук аст.
Компрессор мунтазам кор мекунад
Тафтиш кунед, ки:
дарчаҳои яхдон зич пӯшида мешаванд ва зуд-зуд
кушода намешаванд;
ҳарорат дар хона на он қадар баланд аст;
дастаки термотанзимгар дар ҳолати дуруст қарор
дорад.
Яхдон ҳангоми кор салои баланд мебарорад
Тафтиш кунед, ки:
яхдон ҳамвор насб шудааст;
яхдон ба предметҳои ғайр намерасад (масалан,
мебел дар атроф).
Моддаи хунуккунандае, ки дар дохили системаи
хунуккунонӣ давр мезанад, ҳатто агар компрессор кор
накунад, начандон баланд шилдирос карда метавонад.
Хавотир нашавед, ин мутлақо муқаррарӣ аст.
Дар қисми хунуккунонӣ об ҷамъ мешавад
Тафтиш кунед, ки:
сӯрохии дренажӣ бо ифлосӣ пур нашуда бошад.
Ҷароғи рӯшнодиҳии камераи хунуккунонӣ дар
яхдони коркунанда рӯшан намешавад
Чароғро тибқи фасли Хизматрасонӣ ва нигоҳдорӣ ба
чароғи коршоям иваз кунед.
Агар баъд аз тафтиш яхдон боз ҳам дуруст кор
накунад, бо Маркази хизматрасонии авторизатсияшуда
тамос гиред.
38
TJ

Содержание

Похожие устройства

Скачать