Indesit ETP 18 [39/48] Blank page

Indesit ETP 18 [39/48] Blank page
Хизматрасонӣ ва нигоҳдорӣ
39
TJ
Пеш аз иҷроиши ҳар амал оид ба шустушӯ ва хизматрасонӣ,
яхдонро аз шабакаи барқ ҷудо намоед.
Қисмҳои яхдон ва яхчолро аз ях фаровардан
Системаи сардшавии Full No Frost режими аз ях
фароварданро ба таври худкор иҷро мекунад.
Вақтсанҷ давра ба давра элементи гармкуниро ба кор
медарорад, «шубаи барфӣ» аз бухоркунанда об мешавад. Оби
гудохта ба воситаи каналҳо ба ваннаи болои компрессор ҷорӣ
мешавад ва дар он ҷо бухор мешавад.
Хизматрасонӣ ва нигоҳдорӣ.
Яхдони шумо аз масолеҳи бебӯи гигиенӣ сохта шудааст.
Барои нигоҳдории ин хусусиятҳо маҳсулоти бӯйи тез доштаро
доимо дар зарфҳои зич маҳкамшаванда нигоҳ доред, то ки
пайдошавии бӯйҳоро пешгирӣ кунед, зеро бартараф кардани
онҳо баъд душвор мегардад.
Сатҳҳои дохилӣ ва берунии яхдонро бо исфанҷ ё матоъи
мулоими дар маҳлули содаи ошхонагӣ дар оби гарм
таркардашуда шӯстушӯ кунед (сода ҳамчунин тамизкунандаи
хуб мебошад). Дар сурати мавҷуд набудани содаи ошпазӣ аз
моддаи шӯяндаи безарар истифода баред.
Агар маҳсулоти равғандор (майонез, равғани растанӣ ё
равғани ҳайвонот в.ғ.) дар зиччиҳо ё пластикии қисми яхдон
дохил шавад, зуд олудашавиро бо маводи шустушӯй нейтралӣ
тоза кунед.
Барои пешгирӣ кардани ифлосшавии ғизо, ин дастурҳоро риоя
кунед:
-Дари яхдони коркунандаро муддати дароз накушоед, ин
метавонад боиси хеле баланд шудани ҳарорат дар қисмҳои
асбоб гардад.
-Рӯякҳоеро, ки метавонанд бо системаи маҳсулот ва дренажҳои
кушод дар алоқа аст, мунтазам тоза кунед.
Барои қисмҳои пластикӣ, зиччиҳои дари дохилӣ ё берунӣ
аз тозакунакҳои абразивӣ ё агрессивӣ истифода набаред,
аз қабили спрейҳо барои шишаҳо, хамираи сайқалдиҳанда,
моеъҳои зуддаргиранда, муми тозакунӣ, моддаҳои шустушӯйӣ,
сафедкунандаҳо ё маводи шустушӯй дар асоси ҳосилаҳои
нафтӣ. Сачоқҳои коғазӣ, дастмолҳои абразивӣ ё дигар
маҳсулоти тозакунандаи сахтро истифода набаред.
Ҳамаи қисмҳои ҷудошавандаро бо маҳлули собун ё моддаи
шӯянда дар об шустан мумкин аст. Ҳамчунин онҳоро дар
мошини зарфшӯӣ шустан мумкин аст. Дар хотир доред, ки
ҳамаи қисмҳои ҷудошавандаро пеш аз такроран ба яхдон
гузоштан нағзакак хушкондан лозим аст.
Чанг дар конденсатори яхдон ҷамъ шуда, ба кори
муқаррарии он монеъ шуда метавонад. Аз девораи пушти
яхдон бо истифода аз мулҳақаҳои муносиб оҳиста чанг
кашед. Агар шумо яхдонро вақти тӯлонӣ истифода
набурданӣ бошед, яхи онро об кунед, дохилаашро шӯед,
хушк кунед ва дарҳоро барои пешгирии пайдоиши бӯйи
ғализ ва мағор нимкушо бимонед.
Садои хоси бакорандозии компрессор ин садои муқаррарие
мебошад, ки ҳангоми кори таҷҳизоти барқии асбоб пайдо
мешавад.
Ивазкунии чароғи рӯшноидиҳӣ (таъмири кафолатӣ
намебошад).
Вилкаро аз розетка кашида гирифта, яхдонро аз шабакаи
барқӣ ҷудо намоед. Чароғи рӯшноидиҳии дохилӣ дар қисми
пушти танаи сарпӯши рӯшноидиҳӣ қарор дорад.
Чароғро тофта бароред ва ба чароғи ҳамсрн иваз кунед (бо
қувваи на зиёда аз 15 Вт), чӣ тавре дар расм нишон дода
шудааст.
1
2

Содержание

Похожие устройства

Скачать