Indesit ETP 18 [34/48] Blank page

Indesit ETP 18 [34/48] Blank page
34
Насби дуруст барои таъмини кори боэътимод ва
самараноки яхдон лозим аст.
Ҳавотозакунӣ
Компрессор ва конденсатори яхдон дар ҷараёни кор
тафсон мешаванд, бинобар ин вентилятсияи кофиро таъ-
мин кардан лозим аст. Яхдон бояд дар манзили хуб ша-
молдодашуда бо намнокии муқаррарӣ насб карда шавад.
Насб кардани яхдон дар манзилҳо бо намнокии баланд,
масалан, дар ҳуҷраҳои шустушӯӣ, таҳхонаҳо манъ карда
шудааст.
Барои гардиши озоди ҳаво ҳангоми насб аз тарафи
қафо 5 см ва аз ду тарафи пахлӯи асбоб 10 см роғҳоро
таъмин намоед. Ҳаракати ҳаворо дар пушти асбоб набан-
дед.
Дар наздикии сарчашмаҳои гармӣ ҷойгир накунед
Яхдонро тавре насб кард, ки он зери таъсири нурҳои
бевоситаи офтоб ё дар назди сарчашмаҳои гармӣ (пли-
таҳои ошхонагӣ, танӯрҳои барқӣ, оташдон) қарор дошта
бошад.
ДИҚҚАТ!
Зимни насби асбоб аз он боварӣ ҳосил намоед, ки
сими барқӣ пахш карда ва хароб нашудааст.
ДИҚҚАТ!
Розеткаҳои бисёрҷояи кӯчондашаванда (сими дарози
барқӣ) ё манбаъҳои қувваи барқро дар қафои асбоб ҷой-
гир накунед.
Ҳамворкунӣ
Барои кори хуби яхдон муҳим аст, ки он дар сатҳи ҳам-
вор қарор дошта бошад. Баъд аз насби яхдон ҳолати онро
тариқи тобдиҳии пояҳои танзимкунанда воқеъ дар қисми
пеши он танзим намоед. Нишебии яхдон аз 5° зиёд шуда
наметавонад.
Фосилаи дарҳо (бар ва баландӣ), зинапояҳоро ва ҳ.
қаблан чен кунед, то ки боварӣ ҳосил намоед, ки асбобро
ба ҷои интихобшуда таҳвил додан мумкин аст.
Aндозаи кории асбоби хунуккунанда.
Пайвасткунӣ ба шабакаи барқ
Яхдон тибқи дараҷаи 1-ми муҳофиза аз зарбаи барқ
сохта шуда, ба шабакаи барқӣ тариқи розеткаи дуқутба бо
васлаки сими замин пайваст карда мешавад.
Қабл аз пайвасткунӣ ба шабакаи барқӣ боварӣ ҳосил намоед,
ки:
шиддати шабака ба маълумоти нишондодаи лавҳачае
воқеъ дар тарафи рости қисмати хунуккунонда, яъне
~220-240В мувофиқат мекунад;
васлаки сими заминии розеткаи барқӣ бо сими замини
кабели шабакаи барқӣ тариқи электрикӣ пайваст карда
шудааст (сими пайвасткунанда барои ҷараёни барқии на кам
аз 10А бояд пешбинӣ шуда бошад);
розетка ва вилкаи як намуд; агар вилка ба розетка рост
наояд, розеткаро аз рӯи вилкаи сими барқии таъминкунанда
иваз кардан лозим (корҳоро барқчии соҳибихтисос бояд иҷро
намояд).
Яхдон тавре бояд насб карда шавад, ки розетка ба шумо
ба таври доимо дастрас бошад. Яхдоне, ки бо вайронкунии
талаботи оварданамудаи дастуруламали мазкур оид ба
бехатарии асбобҳои пурқуввати маишӣ пайваст карда
шудааст, дорои хавфи эҳтимолӣ маҳсуб меёбад. Яхдоне, ки
бевосита ба шабакаи барқии дусима пайваст карда мешавад,
бо таҷҳизоти хомӯшкунии муҳофизаткунанда (ТХМ)
истифода бурда мешавад, ки рақамҳои зерини параметрҳоро
дорад: доираи шиддатҳои номиналӣ — аз 220 то 240В/50 Гс,
остонаи бакорандозӣ — на зиёда аз 30 мА, вақти номиналии
бакорандозӣ — 0,1 с.
Шабакаи барқӣ таҷҳизоти муҳофизакунандаи ба 16А
пешбинишударо бояд дошта бошад. Пайваст кардани асбоби
хунуккунонӣ ба шабакаи барқие, ки аз сарбориҳои ҷараёнӣ
барқӣ ҳимояи корношоямро дорад, манъ аст.
Истеҳсолкунанда барои зарар ба саломатӣ ва моликият,
ки аз сабаби риоя накардани меъёрҳои зикршудаи насб ба
миён омадааст, ҷавобгар нест.
ДИҚҚАТ!
Баъд аз насбкунӣ қабл аз пайваст кардани яхдон ба
шабакаи барқӣ тахминан се соат интизор шавед, ин барои
кори муқаррарии яхдон зарур мебошад.
Қабл аз оғози истифодабарӣ сатҳи дарунии қисмҳои
хунуккунонӣ ва яхкунонии яхдонро бо маҳлули содаи ошпазӣ
шустан лозим аст.
Баъди ба шабакаи барқӣ пайваст кардани яхдон, дастаки
термотанзимгарро ба ҳолати миёна гузоред, пас аз чанд соат
шумо маҳсулоти ғизоиро ба қисмҳои хунуккунонӣ ва яхкунонӣ
ҷойгир карда метавонед.
ТИРГАКҲОИ НАҚЛИЁТӢ байни компрессор ва девораи
қафоии таҳмон, ҳамчунин дигар тиргакҳо ва тасмаҳои
ширешкунандаро, ки қисмҳои ҳаракаткунандаи асбобро аз
ғеҷидан нигоҳ медоранд,бардошта гиред.
Агар асбоб дорои рӯйпӯши муҳофизакунандаро аз
пардаи полимерӣ бошад, онро оҳиста, бо риоя чораҳои
эҳтиётӣ хориҷ кунед, то ки ба рӯйпӯши рангӣ ё полимерии
ҷузъҳо зарар расонда нашавад.
Насбкунӣ ва бакордарорӣ
TJ

Содержание

Похожие устройства

Скачать