Indesit ETP 18 [36/48] Blank page

Indesit ETP 18 [36/48] Blank page
Истифодаи ҳуҷраи яхдон
36
TJ
Бо мақсади таъмини шароити беҳтарини нигоҳдории
маҳсулот, ин дастурҳоро риоя кунед:
- агар нодуруст нигоҳ дошта шавад, ҳатто маҳсулоти тару
тоза зуд вайрон мешавад.
- дар хотир доред, ки хӯроки пухташударо назар ба
маҳсулоти тару тоза вақти камтар нигоҳ доштан мумкин
аст.
Ҳарорат дар дохили қисми хунуккунонӣ мувофиқи ҳолате,
ки тариқи дастаки термотанзимгар гузошта шудааст, ба
таври худкор танзим карда мешавад.
Ҳангоми пайвастшавӣ яхдон ба шабакаи барқ, дастаки
термотанзимгарро ба ҳолати дихоҳатон насб кунед. Мо
тавсия медиҳем, ки дастакро ба ҳолати миёна (ECO) насб
кунед.
Қисми хунуккунонӣ бо рафҳои қулай таҷҳизотонида
шудааст, ки баландии онҳо тариқи ҳодиҳои махсус танзим
карда мешавад, ин барои ҷойгир кардани бастаҳои калон
ва зарфҳои баланд имконият медиҳад.
Рафҳои шишагӣ тарҳрезӣ ва санҷида шудаанд, ки вазнро
бехатар нигоҳ доранд. Бор кардани яке аз рафҳо (ба ғайр
аз рафи болои ҷевонҳо) то ҳадди ақал 100 кг, ба муҳлати
на бештар аз як ҳафта иҷозат дода мешавад.
Баҳри пешгирии афзоиши намнокӣ - ба яхдон моеъро
дар зарфҳои бе сарпӯш намонед - ин боиси баландшавии
ҳарорат дар қисми хунуккунонӣ мегардад.
Системаи хунуккунии Full No Frost (FNF) бо мавҷудияти
торчаҳои
ҳавотозакунӣ, ки дар қисми болоии камераи яхдон
воқеъ гардидаанд, фарқ мекунад. Системаи FNF гардиши
ҳавои сардро таъмин намуда, намиро тоза карда, пайдоиши
қиравро пешгирӣ мекунад. Маҳсулот ё зарфҳоро ба девори
қафои камера нагузоред, то ки торҳои ҳавотозакунӣ баста
нашавад ва конденсат пайдо нашавад.
Қисми яхдонро танҳо барои нигоҳ доштани ғизои тару
тоза ва қисми яхчолро барои яхкарда ва хӯроки тару тозаи
яхкардашуда ва барои тайёр кардани ях истифода баред.
Маҳсулот Ҷойгиршавӣ дар яхдон
Моҳӣ ва гӯшти тоза
Дар рафҳои болоӣ, дар майдони сӯрохиҳо, ки ҳавои
хунукро таъмин мекунанд
Панири нав Дар раф дар болои қуттиҳои сабзавот
Маҳсулоти тайёр Дар ҳар кадом раф
Ҳасибҳо, нон, шоколад Дар ҳар кадом раф
Мева ва сабзавот Дар қуттиҳо барои сабзавот
Тухмҳо Дар рафҳои дар
Равған ва маргарин Дар рафҳои дар
Маҳсулот дар шишаҳо, нӯшокиҳо, шир Дар рафҳои дар
Гӯшт ва моҳии хомро дар яхдон дар зарфҳои мувофиқ нигоҳ доред, то ки онҳо бо дигар маҳсулот
якҷоя нашаванд ва моеъ аз онҳо начакад.
Дар яхдон нигоҳ доштани пиёз, пиёзи даштӣ ва сирпиёз, банан (сиёҳ шуда метавонад), ситрусиҳо,
картошка ва бехмева (дар ҷои торик, хушк нигоҳ доред) номатлуб аст
Нагузоред, ки ғизои бебаста ба деворҳои дохилии яхдон ва қисмҳои яхчол бирасад.

Содержание

Похожие устройства

Скачать